Вохӯрии панҷуми роҳбарони ниҳодҳои олии аудити кишварҳои СҲШ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар шаҳри Исломобод таҳти раёсати Ҷумҳурии Исломии Покистон вохӯрии 5-уми роҳбарони ниҳодҳои олии аудити кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) тариқи маҷозӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ роҳбарони ниҳодҳои олии аудити кишварҳои СҲШ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон иштирок намуда, вобаста ба якчанд масъалаҳо, аз қабили «Аудити хароҷот барои мубориза бо Ковид-19», «Таъсири «Ковид-19» ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» ва «Аудити фосилавӣ» мубодилаи афкор намуданд.
Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода дар мавзӯи «Таъсири Ковид-19 ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» сухан гуфта, ба ҳамкории гуногунҷанбаи минбаъда изҳори умедворӣ намуд.
Дар ҷаласа иштирокдорон ба имзои протоколи ҷаласа ва Нақшаи чорабиниҳо дар чаҳорчӯби ҳамкории мақомоти олии аудити кишварҳои узви СҲШ барои солҳои 2022-2023 овоз доданд.
Тибқи қарори навбатӣ, ҷаласаи 6-уми СҲШ соли 2023 дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт.
Мавриди зикр аст, ки вохӯрӣ дар ду сол як маротиба гузаронда шуда, бо мувофиқаи тарафҳо вазифаҳои ҳамоҳангсоз ба ҷониби қабулкунанда вогузор карда мешаванд.
Механизми мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои олии назоратии кишварҳои узви СҲШ соли 2010 таъсис шуда буд, ки бо ташаббуси муштараки ниҳодҳои олии аудити Чин ва Русия сурат гирифтааст. Ҳоло ба ассотсиатсия ниҳодҳои олии аудити ҳашт кишвар — Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон шомиланд.
АКСҲО: Палатаи ҳисоби ҶТ








Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?






