Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб интихоб гардид

Май 14, 2022 16:09

ДУШАНБЕ, 14.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои олии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб валиаҳди Абу-Забӣ Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳёнро президент интихоб кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии иттилоотии давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб «WAM» хабар дод.

Қарор якдилона кабул карда шуд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа ибни Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ соли 2014 сактаи мағзӣ ва ҷарроҳии вазнинро аз сар гузаронд ва аз он вақт инҷониб кам ба чашм мерасид.

Дар кишвар мотами миллӣ эълон гардидааст, ки тибқи изҳорот, он 40 рӯз идома меёбад ва дар ин муддат парчамҳои давлатӣ нимафрохта мешаванд. Ҳамчунин ҳама вазоратҳо, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ барои се рӯз баста мешаванд.

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба валиаҳди Абу-Забӣ, муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён ва ба Ноиби Президент, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2022 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд