Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб интихоб гардид

Май 14, 2022 16:09

ДУШАНБЕ, 14.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои олии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб валиаҳди Абу-Забӣ Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳёнро президент интихоб кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии иттилоотии давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб «WAM» хабар дод.

Қарор якдилона кабул карда шуд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа ибни Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ соли 2014 сактаи мағзӣ ва ҷарроҳии вазнинро аз сар гузаронд ва аз он вақт инҷониб кам ба чашм мерасид.

Дар кишвар мотами миллӣ эълон гардидааст, ки тибқи изҳорот, он 40 рӯз идома меёбад ва дар ин муддат парчамҳои давлатӣ нимафрохта мешаванд. Ҳамчунин ҳама вазоратҳо, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ барои се рӯз баста мешаванд.

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба валиаҳди Абу-Забӣ, муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён ва ба Ноиби Президент, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2022 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд
Туркия дар остонаи даври дуюми интихобот қарор дорад
Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Аджай Банга президенти Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардид
Дар Узбекистон раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор шуд
Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард
Шумораи фавт аз COVID-19 95 фоиз коҳиш ёфтааст
Ҷо Байден расман эълон дошт, ки номзадии худро ба интихоботи президентии соли 2024 пешниҳод менамояд
СММ аз сатҳи рекордии газҳои гулхонаӣ, гармшавӣ ва обшавии пиряхҳо хабар дод