ҲАФТАИ ПОСИ ХОТИР. Дар ноҳияи Шуғнон муҷассамаи сарбози номаълум бунёд карда шуд

Май 3, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар». Дар маркази ноҳияи Шуғнон муҷассамаи сарбози номаълум бунёд карда шуд, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.

Муҷассамаи мазкур бахшида ба 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ифтитоҳ гардида, бо мақсади пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқи тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон  бунёд гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки  дар  саҳифаи таърихи башарият ин ҷанг ҳамчун  даҳшатноктарин боқӣ мемонад. Зеро инсоният аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро бори аввал аз сар гузаронида буд. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу ҷуғрофияи  набардҳояш пурдаҳшаттарин ҷанг дар таърихи инсоният арзёбӣ гардида, дар он беш аз 70 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди 40 давлати ҷаҳон доман густурда буд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз  110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон  ба майдони набардҳо сафарбар гардида, дар озод намудани халқҳои гуногуни Аврупо аз зери асорати  фашизм саҳми бузург  гузоштанд. Дар ин ҷанг дар пайи ба харобазор табдил додани 1700 шаҳр  50 миллион нафар одамон қурбон гардиданд, ки ин дар таърих  талафоти бузургтарин аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бар зидди фашизм саҳми  шоиста гузоштааст.  Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 300 ҳазор нафар  фарзандони далеру шуҷои тоҷик дар муҳорибаҳои шадид бар зидди фашизм иштирок намуда, беш аз 90 ҳазори  онҳо аз майдони ҷанг барнагаштанд.  Фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик  дар  баробари намояндагони  халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон дар набарҳои шадиди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мардонагию  қаҳрамонӣ нишон дода, беш аз 56 ҳазор нафари онҳо  ба гирифтани ордену медалҳо, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф»  ва 54 нафар ба унвони олии ифтихории  Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз  гардиданд.

Номи қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва боз садҳо  фарзандони шуҷои миллати тоҷикро метавон номбар кард, ки дар мубориза бар зидди фашизм мардонагӣ нишон дода, дар таъмини Ғалабаи бузург бар фашизм саҳми шоиста гузоштаанд.

 АКС: МИҲД-и н. Шуғнон

Май 3, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид