АХБОР БАРОИ АФКОР. Дар Узбекистон дар 77 кӯдак бемории генетикии нодир ошкор шуд

Май 4, 2022 11:05

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Узбекистон дар 77 кӯдак бемории генетикии нодир ошкор шуд. Сабаби чоряки онҳо издивоҷи хешутаборӣ мебошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба саҳифаи Telegram-и хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Узбекистон.

Дар кӯдакон бемории атрофияи мушакҳои сутунмӯҳра мушоҳида карда мешавад. Дар бораи сабабҳои ин беморӣ муовини Вазири тандурустии ин кишвар Элмира Баситхонова маълумот дод.

Ба гуфтаи ӯ, атрофияи мушакҳои сутунмӯҳра бемории нодири ирсӣ буда, дар кӯдак дар давраи ҳомиладории модар пайдо мешавад. Табобати ин бемориро бояд пас аз ним соли таваллуди кӯдак оғоз намуд. Дар акси ҳол як қисми кӯдакони бемор дар дусолагӣ мефавтанд.

«Омори байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ин навъи беморӣ дар саросари ҷаҳон миёни 610 ҳазор дар як нафар тифл вомехӯрад. 50 дарсади беморони хурдсол то дусолагӣ бар асари норасоии нафас мефавтанд», — гуфт Э.Баситхонова.

«Аз 77 кӯдаки гирифтори ин беморӣ 24% дар натиҷаи издивоҷи хешутаборӣ, 40% дар оилаҳое, ки ду ва зиёда фарзанди дорои атрофияи мушакҳои сутунмӯҳра доранд ва 36% дар оилаҳое таваллуд шудаанд, ки ҳам падар ва ҳам модар барандагони ин ген мебошанд»,-изҳор дошт муовини Вазир.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки бо мақсади пешгирии интиқоли бемориҳои ирсӣ аз 1 июли соли 2023 дар Узбекистон санҷиши молекулавӣ-генетикии шахсони никоҳкунанда гузаронида мешавад.

Тавре Агентии миллии иттилоотии «УзА» қаблан иттилоъ дода буд, дар Узбекистон қонуне қабул карда мешавад, ки тибқи он навхонадорон аз ин ба баъд аз ташхиси молекулавӣ-генетикӣ хоҳанд гузашт. Қарори мазкурро чанде пеш Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расонд. Ҳадафи ин ташаббус, ки онро нақша доранд аз 1 июли соли 2023 татбиқ намоянд, пеш аз ҳама, роҳ надодан ба никоҳи хешутаборӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, Узбекистон дар ин масъала роҳи Тоҷикистонро пуштибонӣ намуд. Тавре маълум аст, қонуни ҳаммонанди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2016 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳуқми иҷро даромад. Тибқи ин санад, издивоҷ бо писарамак ва духтарамак, инчунин писартағову духтарамма манъ аст. Ҳамин гуна, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштан низ ҳатмӣ буда, он ройгон аст. Дар сурати муайян намудани бемории сироятӣ дар яке аз никоҳкунандагон онҳо бояд аз давраи табобатӣ гузашта, пас аз пурра шифо ёфтан ба онҳо барои ақди никоҳ иҷозат дода мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то замони қабули ин қонун дар кишвар беш аз 26 ҳазор кӯдаки маъюб сабти ном шуда буд. 35 дарсади онҳо фарзандони оилаҳоеанд, ки хешовандони наздиканд ва аз 10 то 20 фоизи дигарашон фарзандони волидонеанд, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ мебошанд.

АКС: АБИ «Казинформ»

Май 4, 2022 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми ҷавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Дар Хуҷанд ҳайати иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival»-ро истиқбол намуданд
Иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон: «Аз истиқболу меҳмоннавозии гарми тоҷикон сарамон ба фалак расид»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 26 давлати дунё Фестивали ҷаҳонии ҷавонон оғоз гардид
Ташаббусҳои сулҳофаронаи Президенти Тоҷикистон дар таҳкими амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва робитаҳои дӯстии мардумони кишварҳо беназир мебошанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Италия дар самти ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои соҳибкорону сармоягузорон табодули таҷриба намуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти таъмини базилзилатобоварии биноҳо ва иншоот Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Гурда яке аз муҳимтарин узви бадани одам ба шумор меравад
Дар Душанбе Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ доир шуд
Ба киҳо барои ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда баромадан кафолат дода мешавад? Шарҳи коршиносон
Барои таҳкими субот дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид