АЙНИ ҲОЛ ВАЗЪИЯТ ДАР РӮШОН ОРОМ АСТ. Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад

Май 18, 2022 14:55

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшони ВМКБ таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии созмонҳои байналхалқии экстремистӣ-террористӣ бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба таҳлука андохтани аҳолӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ, инчунин маводи оташафрӯзи «Коктейли Молотов» ба колоннаи мошинаҳои хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҶТ ҳамла намуданд. Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар хабар чунин омадааст:

Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша иборат аз 200 нафар бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.

Гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ин амалҳо қаблан омодагӣ дида, бо ҳамин мақсад аз хориҷи кишвар силоҳу аслиҳа ворид намуда буданд.

Ҳар сокини бовиҷдони вилоят шоҳиди он аст, ки таъкидҳои чандинкаратаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамъомадҳо, суҳбатҳо бо иштироки аҳли ҷомеа ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, муроҷиатҳо тавассути воситаҳои ахбори умум барои супоридани силоҳи оташфишон, даст кашидан аз муқовимати мусаллаҳона ба муқобили сохторҳои конститутсионии мамлакат аз ҷониби дастаҳои ҷинояткор беҷавоб монданд.

Оқибат онҳо ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ гузаштанд.

Бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид. Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзои фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки аз миёни сокинони осоишта касе осеб надидааст.

Аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, «Коктейли Молотов» мусодира гардид.

Вобаста ба қазияи мазкур аз ҷониби прокуратураи вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Айни ҳол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлияти ҷамъиятӣ ба кори муқаррарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд.

Ба боқимонда гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша қотеъона эълон карда мешавад, ки то ҳол онҳо имконияти сулҳомези супоридани ҳама гуна силоҳ ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шуданро доранд. Фардо дер мешавад.

Аз аҳолии вилоят эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, инфрасохтори иҷтимоӣ, фаъолгардонии масири ҳаракати нақлиёти байналхалқӣ, пешгирии тамоми намуди қонуншиканиҳо ва ахиран суботи ҷомеа, дар мисоли тамоми нуқоти кишвари азизамон кумаки худро расонанд.

Танҳо давлатмеҳварӣ ва конунмандӣ асоси амният ва рушди ҷомеа аст. Ин вазифаи муқаддасро мо дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бо мардумони баору номуси вилоят бо қотеъият ва муваффақона амалӣ мекунем. Бо ҳамин ба фаъолияти тамоми гурӯҳҳои муташаккили силоҳдори нашъаҷалоб якбора хотима мегузорем. Роҳи дигар вуҷуд надорад.

АКС аз бойгонӣ

Май 18, 2022 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед