Артиши Масъуд се ноҳияи Панҷшерро тасарруф намуда, толибонро асир гирифт

Май 10, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММА) се ноҳияи вилояти Панҷшерро озод кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хабаргузории Agence France Presse бо истинод ба сардори бахши равобити хориҷии ҶММА Алӣ Майсам Назарӣ менависад.

«Ин аввалин ҳамлаи густурдаи мо аз моҳи сентябри соли гузашта аст, ки давоми он мо тавонистем се ноҳияи бузурги Панҷшерро озод кунем», — зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи Назарӣ, низомиёни ҷабҳа роҳҳои асосии шимоли Афғонистонро баста, толибонро аз якчанд посгоҳҳо зада пеш карданд.

Вай афзуд, ки радикалҳо «шикаст хӯрданд, бисёриҳо таслим шуданд».

Дар ҳамин ҳол, Sputnik Афғонистон суханони намояндаи ҶММА-ро таъйид кард. Дар Telegram-канали ВАО навори видеоӣ бо 6 ҷангҷӯи асиршуда пайдо шуд.

Инҳо тоҷикони маҳаллӣ ҳастанд, ки иддао доранд толибон онҳоро фиреб дода, ба ҷанг алайҳи “кофирон” фиристодаанд.

Асирон тавба карданд. Онҳо изҳор намуданд, ки аз муносибати ҷабҳа каноатманданд ва «аз ҷиҳати сиёсӣ ба муқобили онҳо ғаразе надоранд».

Дар навбати худ намояндаи ҳукумати муваққатии аз ҷониби толибон ташкилшуда Забеҳулло Муҷоҳид рух додани даргириҳои низомӣ дар Панҷшер ва дигар манотиқи шимолиро рад кард.

«Иддаоҳои шӯришгарон, ки дар воситаҳои ахбори омма паҳн шудаанд, дурӯғ маҳсуб мешаванд»,- навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Муҷоҳид таъкид кард, ки «ҳазорон толибони обутобёфта ва муҷаҳҳаз дар Панҷшер ва Тахор ҳастанд.»

Қаблан ҶММА дар яке аз ноҳияҳои музофоти Бағлон амалиёти мусаллаҳона гузарониданд, ки дар он ҷо сардори шуъбаи полис Қорӣ Нуриддин кушта шуд. Дар Кобул ин маълумотро то ҳол таъйид накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз тасарруфи қудрат дар Афғонистон аз сӯи толибон маҳз Панҷшер чанд муддат ягона вилояте гардид, ки таҳти назорати ҷангҷӯёни толиб набуд.

Дар ин музофот Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил карда шуд, ки он ҳоло ҳам бо радикалҳо муборизаро давом медиҳад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 10, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд