БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Сангвор коргоҳи коркард ва бандубасти меваи хушк, асал ва маҳсулоти ширӣ ба истифода дода мешавад
САНГВОР, 19.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор беш аз 49 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Сангвор Ҳаким Раҷабов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Мувофиқи нақша, ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагию ободӣ ва муҳайё намудани шароити хуби зиндагӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Сангвор 4 иншоот дар самти маориф, 7 адад дар соҳаи саноат, 4 адад дар соҳаи фарҳанг, 11 адад дар савдо, 4 адад дар кишоварзӣ ва боқимонда иншооти варзишию сайёҳӣ ва хизматрасонӣ бунёд мегарданд.
Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ вобаста ба саноатикунонии мамлакат дар ноҳияи Сангвор коргоҳи коркард ва бандубасти меваи хушк дар деҳаи Дашти Ғурк, корхонаи коркарди ангишт дар Ҷамоати деҳоти Заршӯён, коргоҳи банду басти асал дар маркази ноҳия, коргоҳи истеҳсолии қуму шағал, коргоҳи коркарди дару тирезаҳои пластикӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдара, коргоҳи истеҳсолии маҳсулоти ширӣ ва коргоҳи коркарди чӯбу тахта ба истифода дода шуда, қисми зиёди сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Ҳаким Раҷабов иброз намуд, ки «сокинони ноҳияи Сангвор бахшида ба ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатӣ 107 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба истифода доданд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки соҳибкорону сокинони ноҳия ба пешвози ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар созандагӣ, бунёдкорӣ ва бунёди корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ саҳми арзанда мегузоранд».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






