БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор то соли 2026 беш аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тибқи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор то соли 2026 бунёди зиёда аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҳайати Комиссияи қабули иншоот дар шаҳр вобаста ба ҷараёни бунёди иншоот, бахусус сохтмони биноҳои баландошёна ва эҳтимоли пеш омадани мушкилот дар таъмини муназзами сокинони биноҳои навбунёд ва беш аз 40 ҳазор аҳолии шаҳрак бо барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ дар солҳои минбаъда ҷаласаи корӣ доир намуд.
Бо назардошти афзоиши талабот ба неруи барқ, рафъи мушкилоти пешомада, пешгирии садамаҳо дар хатҳои барқ ва дастрасии бемамониати аҳолии шаҳраки Ҳисор ба барқи хушсифат бо пешниҳоди Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҶСК Шабакаи барқи марказӣ лоиҳаи нав оид ба ҷиҳати кашидани хати иловагии чашмаки нав ба маҳаллаҳои Бобоҷон Ғафуров ва маҳаллаи 8-ум омода шудааст. Лоиҳаи мазкур дар ҷаласаи навбатии комиссияи қабули иншооти назди МИҲД-и шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Сардори шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор Мансур Файзуллоев тарҳи навро муаррифӣ карда, оид ба нақшаи хароҷоти он, аз ҷумла харидории пояҳои оҳану бетонӣ, пояҳои такявӣ, кабелу ноқилҳои қутрашон гуногун, трансформаторҳо, инчунин иҷрои корҳо, таъминот бо техникаву механизм маълумот дод, ки маблағи умумии он қариб ним миллион сомониро ташкил медиҳад.
Хати нав 4 километрро дар бар гирифта, ба зеристгоҳи барқии пуриқтидори 110-киловолтаи «Хонақоҳ», ки дар арафаи ҷашни 3000-солагии Ҳисор мавриди истифода қарор гирифтааст, пайваст мешавад. Он то маҳаллаи 8-уми шаҳр идома ёфта, маҳаллаҳои маркази шаҳракро бо барқи муназзаму хушсифат таъмин менамояд. Тарҳи нави хати барқ афзалияти зиёд дошта, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он талафоти неруи барқ коҳиш меёбад, таъминоти сокинони шаҳрак бо барқи хушсифат ва оби ошомиданӣ беҳтар ва аз ин ҳисоб сарбории дигар трансформаторҳое, ки дар хатҳои 10-киловолтаи 10, 11 ва 19-ум насб шудаанд, кам мегардад.
Раиси шаҳр шахсони масъулро барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, таъмини шаффофияти масрафи он, оғозу вусъати корҳо ва дар муҳлати муайянгардида амалӣ шудани лоиҳаи мазкур муваззаф намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар ноҳияи Деваштич мумфаршкунии беш аз 3 километр роҳ оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар ноҳияи Ховалинг иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Ба кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур 10 адад нақлиёти муосир тақдим гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд






