БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон 34 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ва 50 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мегарданд

Май 23, 2022 13:40

ЁВОН, 23.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бунёду навсозии 498 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Суҳроб Сиддиқзода ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон гуфтанд, ки нақшаи чорабиниҳои  мазкур бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 таҳия шуда, дар доираи он дар ноҳия 34 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, 50 иншооти соҳаи тандурустӣ, 46  иншооти соҳаи маориф, 10 иншооти фарҳангӣ, 20 иншооти соҳаи варзиш, 23  иншооти соҳаи кишоварзӣ, 30 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 142 иншооти хизматрасонию савдо ва 52 иншооти дигар бунёд мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон  дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 372 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Май 23, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд