«Бонки Эсхата» соҳибкорон ва мизоҷонро баҳри идомаи тиҷорати муваффақона дар давраи буҳронӣ дастгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 май ҶСК «Бонки Эсхата» барои мизоҷони худ – соҳибкорони хурду миёна ва инчунин мизоҷони корпоративӣ дар мавзӯи «Менеҷмент дар давраи буҳронӣ» дар Душанбе семинар доир намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ҶСК «Бонки Эсхата» хабар доданд.
Барои гузаронидани семинар муассис ва шарики роҳбарикунандаи ширкати «TOP Consulting» Мирзоиброҳим Иброҳимов даъват карда шуд. Дар семинар намояндагони ширкатҳои ҶДММ «Тоҷпласт -1», ҶДММ «Моҳи Дона», ҶДММ «Мурғи Шоҳ», ҶДММ «Дунёи кӯдакон», ҶДММ «Таҷеро», «Телеком Технолоҷи» ва ғайра ширкат варзиданд.
«Тағйирот дар тамоми замонҳо рух медиҳад, танҳо фарқият дар он аст, ки суръати он меафзояд. Тадбирҳои пешакӣ андешида ва тайёрӣ ба дигаргуниҳо ба соҳибони тиҷорат барои нигоҳдорӣ ва рушди соҳибкорӣ ёрӣ мерасонанд, зеро буҳрон имконияти нав мекушояд. Вазифаи ман нишон додани роҳи он аст, ки дар давраи буҳрон чӣ гуна мушкилотро ба имконият табдил додан мумкин аст. Чӣ қадаре ки корхона аз уҳдаи ҳалли ин мушкилиҳо баромада тавонад, ҳамон қадар рушд мекунад”, — гуфт Мирзоиброҳим Иброҳимов.
Зимни семинар иштирокчиён ба корҳои амалӣ ҷалб карда шуда, аз уҳдаи иҷрои супоришҳо нағз баромаданд. Дар фарҷоми семинар ҳар иштирокчӣ мулоҳизаҳои худро баён намуда, ба тренер ва «Бонки Эсхата» барои пешниҳоди имконияти омӯхтани усулҳо ва роҳҳои идоракунии соҳибкорӣ дар давраи буҳрон изҳори сипос намуд.
Директори тиҷоратии ширкати Telecom Technology Далер Ғуломқодиров гуфт, «ман шодам, ки дар семинари TOP Consulting, ки аз ҷониби «Бонки Эсхата» барои мизоҷонаш ташкил карда шудааст, иштирок кардам. Мояи хушнудист, ки бонк барои устувории мизоҷони худ ғамхорӣ мекунад. Хусусияти семинари мазкур дар иртиботи зич миёни тренер ва иштирокчиён буда, ман тавонистам ба саволҳои худ посухи дақиқ бигирам”.
Раиси ҶДММ «Дунёи кӯдакон» Матин Негматов чунин мегӯяд: «Семинари омӯзишӣ хеле муфид буд, махсусан дар замоне, ки дар ҷаҳон вазъияти буҳронӣ вуҷуд дорад. Миннатдории худро ба тренери семинар изҳор намуда, мехоҳам «Бонки Эсхата»-ро дар алоҳидагӣ зикр намоям. Ширкати мо бо «Бонки Эсхата» зиёда аз 3 сол боз ҳамкорӣ дорад. Бонк доимо ба мизоҷонаш ғамхорӣ карда, дар рушди соҳибкорӣ ва дастгирӣ саҳми босазо дорад».
Тренери семинар Мирзоиброҳим Иброҳимов иброз дошт, ки «TOP Consulting ба «Бонки Эсхата» барои фароҳам намудани шароити мувофиқ барои вохӯрӣ бо чунин ашхоси олиҷаноб — муассисони ширкатҳо, намояндагон ва роҳбарони ширкатҳои пешқадами бахшҳои гуногун изҳори сипос баён менамояд. Ду рӯз хеле тез гузашт, вале ман фикр мекунам, ки иштирокчиён аз дастовардҳои худ қонеъ нашуда, дониши гирифтаашонро дар амал татбиқ менамоянд».
АКС: ҶСК «Бонки Эсхата»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст






