ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз «Хуҷанд» бо «Равшан» ва «Хатлон» бо «Истиқлол» рақобат мекунанд

Май 12, 2022 11:49

ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ду бозии дигари даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат оғоз мегарданд. Дар ин рӯз дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳам бозӣ мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Се бозии даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 7 ва 9 май дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуда буданд. Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан даври сеюм аст, ки пайи ҳам ба нокомӣ дучор меояд. Дастаи футболи «Истаравшан» ин навбат аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Голҳои артишиҳоро Иззатулло Рӯзиев, Шарафҷон Солеҳов, голи дастаи мизбонро Мбеке Сиябатчу Деудонӣ ба нишон расониданд.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо натиҷаи 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ» Бахтиёр Чориев кушод. Ба голи задаи ӯ футболбозони дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ Доробҷон Эргашев ва Анвар Муродов бо ду гол ҷавоб доданд.

Бозӣ миёни ду дастаи вилояти Суғд – «Эсхата» ва «Равшан» (Зафаробад) мусовӣ (2:2) хотима ёфт. Голҳои дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро Дилшод Бозоров, Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, голҳои «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро Ҷаҳонгир Алиев ва Зуфарҷон Акбаралиев ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардида буданд. Дар даври панҷум дастаи «КМВ Артиш»-и шаҳри Душанбе ба аввалин бохт рӯбарӯ гардида, дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдони худ аз дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ба як голи бозингари дастаи мизбон Шарафҷон Солеҳов кӯлобиҳо тавассути Коуасси Инносент ва Абдухалил Боронов бо ду гол ҷавоб доданд.

Дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро футболбози дастаи «Истаравшан» Мбеке Сиябатчу Деудони кушод. Бозигари зафарободӣ Бахтиёр Зарипов ду гол зада, аввалин пирӯзии дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро дар Лигаи олӣ таъмин кард.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии хонагӣ дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Дилшод Бозоров, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Алиҷони Айнӣ ба нишон расониданд. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ин давр бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баробар (0:0) бозӣ карда, пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.

Акс: ФФТ

Май 12, 2022 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«CAFA Nations Cup-2023». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои навбатиро дар шаҳри Тошканд доир кард
ҶОМИ МИЛЛАТҲОИ АРАБ-2023. Футзалбозони тоҷик аввалин бозии худро бо дастаи мунтахаби Либия баргузор намуданд
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Бангкок оғоз намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобӣ оғоз намуд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ -2023. Имрӯз рӯзи ниҳоии мусобиқа аст
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон се медал ба даст оварданд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа се ҷудочии Тоҷикистон ба финал баромад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз рӯзи дуюми мусобиқа доир мешавад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
Маросими ифтитоҳи Гран-прии Душанбе-2023 доир шуд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз рӯзи аввали мусобиқа оғоз мешавад

Маводҳои таҳлилӣ