Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин аз Академияи идоракунии давлатӣ боздид намуд

Май 25, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 25.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. 24 май Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Чжан Мин дар доираи сафари корӣ ба ҷумҳурии мо бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур.

Зимнан дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Марказ бо Дабири кулли СҲШ сурат гирифт. Дар ибтидо дастовардҳои Марказ ба Чжан Мин муаррифӣ гардида, сипас дурнамои фаъолият ва нақшаву ҳадафҳои гузошташуда баррасӣ шуд.

Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода дар вохӯрӣ иброз намуд, ки «Тоҷикистон баробари соҳибистиқлол гардидан дар ҷабҳаҳои гуногуни сиёсати байналмилалӣ муваффақияти назаррас ба даст овард. Аз ҷумла, дар таъсис додани яке аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ — Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳайси ташаббускор баромад намуд».

Созмони ҳамкории Шанхай яке аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ буда, бо мақсади тақвият бахшидан ба муносибатҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳамсоягии нек миёни кишварҳои узви он, инчунин таъмини амният, субот ва мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм таъсис дода шудааст.

Барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои дар пешгузоштаи СҲШ сохторҳои гуногун дар кишварҳои узв созмон дода шудаанд, ки онҳо чун механизми том фаъолият мекунанд.

Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон яке аз қисмати ҳамин механизм буда, соли сипаригашта бо розигӣ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Чжан Мин бо иштирокчиён ва ғолибони бозиҳои зеҳнии «Модели СҲШ» — донишҷӯён ва магистрантони фаъоли Академия мулоқот доир намуд. Зимни он ҳозирин доир ба мавзӯъҳои дурнамои фаъолияти СҲШ, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи он ва мавқеи ҷавонон дар пешбурди сиёсати созмони мазкур суолҳо пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ғолибони бозии 9-уми зеҳнии «Модели СҲШ», ки бо иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, аз ҷониби Котиби генералӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Баъди анҷоми вохӯрӣ Чжан Мин аз сохтори Академияи идоракунии давлатӣ дидан намуда, ба фаъолияти минбаъдаи он муваффақият таманно намуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ

Май 25, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд