Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» хатари истеъмоли обҳои газдору бегаз тавзеҳ меёбад
ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли тобистон талабот ба обҳои ташнагишикани газдору бегаз ба маротиб меафзояд. Дар ин замина мушкилиҳои зиёде ба қайд гирифта мешаванд, ки аз бетаваҷуҳии истеъмолгарон ва беинсофии бархе тоҷирони манфиатҷӯ ба миён меоянд. Ҳарчанд ки аз тарафи мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» бо мақсади таъмини сифату бехатарии маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулот ва хизматрасонии пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд, вале ҳанӯз ҳам мушкилиҳо дар ин самт боқӣ мемонанд.
Тавре муахассисон мегӯянд, дар бозору мағозаҳо барои харидори одӣ фарқ гузоштан миёни маҳсулоти хушсифату пастсифат кори осон нест, зеро бастабандӣ ва ороиши зоҳирии маҳсулоти бесифат аз маҳсулоти хушсифат дида, беҳтар ба назар мерасад. Аммо чанд вижагие ҳаст, ки бояд харидор ба он диққати ҷиддӣ диҳад. Аз ҷумла, аксар вақт дар борҷомаи обҳои ташнагишикани воридотӣ бо забони тоҷикӣ ё русӣ маълумот дарҷ нагардидааст, ки аз пастсифат будани он дарак медиҳад. Зеро барои обҳои ташнагишикан стандартҳои миллию байналмилалӣ муқаррар гардидаанд.
Дар дохили кишвар даҳҳо корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан фаъолият мекунанд, ки маҳсулоташон рақобатпазиру содиротист.
Мутахассисон мегӯянд, ҳар истеъмолгар бояд ҳангоми харидории нӯшокиҳо ба санаи истеҳсол ва тамғагузории он, ки бо забони давлатӣ ё русӣ дарҷ гардидааст, шинос шавад, то бидонад, ки чӣ истеъмол мекунад, зеро аксаран бинобар беаҳамиятӣ одамон ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд, ки оқибати бад дар пай дорад. Як мушкилии ҷиддӣ дар ин самт маҳсулоти муҳлати истеъмолияш гузашта мебошад, ки мутаассифона, на ҳама вақт фурӯшандагон онҳоро аз муомилот мегиранд. Дар ин кор фурӯшандагон бояд баробари манфиати худ солимии ҷомеаро низ ба назар гиранд.
Тавре мутахассисон мегӯянд, маводи хӯрокворӣ ё оби нӯшокӣ бояд дар шароити махсусе, ки дар борҷома нишон дода шудааст, нигоҳ дошта шавад. Аммо воқеият чизи дигар аст- дар аксар бозору мағозаҳо обҳои нӯшоки мисли хишти сохтмонӣ дар паҳлӯи марказҳои савдо чида шуда, аз чангу гард ва шуои офтоб фаровон бархурдоранд, ки дар ин ҳолат маҳсулот ниҳоят зараровар мегардад. Гузашта аз ин, обҳо газноке, ки дар кӯчаву паскӯчаҳои серодам фурӯхта мешаванд, қариб ба ягон талабот ҷавобӯ нестанд ва болои ин бо як зарф садҳо нафар об менӯшанд, ки хатари паҳншавии бемориҳои сироятиро дар пай дорад.
Шарҳи пурраи мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод» бо пешниҳоди афкори коршиносону мутахассисон садо медиҳад. Барнома 27 май, соати 08-30 ва такроран 17:30, 21:30 дар таҳияи муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз Радиои «Ховар» пахш мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз