Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ дар арафаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд тавзеҳ меёбанд

Май 30, 2022 10:52

ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6-9 июни соли 2022 пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе  мизбони  боз як ҳамоиши муҳими байналмилалӣ- Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали маобут ба об буда, дар он паҳлӯҳои гуногуни масоили обу иқлим  баррасӣ мешаванд. Дар айни замон иқдоми чоруми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Конфронси мазкур ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт. 

Яке аз чорабиниҳои муҳиме, ки дар арафаи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир гардид, ин 7 апрели соли 2022 дар шаҳри Женева бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир гардидани ҷаласаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи об таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» буд. Дар чаҳорчӯби он Намояндаи доимии Тоҷикистон Ҷамшед Ҳомидов ва роҳбари котиботи Конфронс Султон Раҳимзода сухан гуфтанд. Зимни суханронӣ Ҷамшед Ҳомидов зарурати ҳамкории кишварҳои ҷаҳонро дар соҳаи пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд таъкид карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба чорабинии муҳими ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ-2023 дар бораи Конфронси дуюми Душанбе маълумот пешкаш кард.

Чорабинии навбатӣ дар арафаи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» — ин 12 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе доир гардидани ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Ҷаласа таҳти роҳбарит  раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сурат гирифт. Сарвазири мамлакат ёдовар шуд, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи об бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон баргузор гардида, ҳамчун пайванди марказӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, мебошад.

Зикр гардид, ки об асоси ҳаёт буда, он на танҳо барои ташнагишиканӣ ва нигоҳ доштани саломатӣ зарур аст, балки захираҳои об ҳамчунин аз нуқтаи назари шуғл аҳамияти бузург доранд, ки дар навбати худ ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инсонӣ мусоидат мекунанд. Қобили зикр аст, ки масъалаи омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии дуюми оби Душанбе ҳамчунин дар сатҳи сафоратҳо ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар мамлакат низ баррасӣ гардид.

Тафсилоти бештар вобаста ба мулоқоту чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ дар арафаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» имрӯз соатҳои 11:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”–и Радиои “Ховар” дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода, ровии барнома Зарринаи Ҷамшед ва коргардон Абдураҳмони Рустам пешниҳоди шунавандагон мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2022 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад