Дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли он баррасӣ мегардад

Май 2, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 02.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи мушоҳидаҳо захираҳои обии сайёра торафт бештар ифлос шуда,  коршиносон аз бадшавии минбаъдаи сифати об ва хатарҳои марбут ба инсоният ҳушдор медиҳанд. Аз ҷумла, интизор меравад, ки аз обхезиҳо то нимаи аср 1,6 миллиард нафар, тақрибан 20 дарсади аҳолии ҷаҳон азият хоҳад кашид.  

Муаллифони маърӯзаи СММ дар Форуми 8-уми ҷаҳонии об пешниҳод намудаанд, ки ҷомеаи ҷаҳон сохтмони иншоотҳои тозакунӣ ва каналҳои ирригатсиониро маҳдуд накарда, барои халли масъалаи  об лоиҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода барад. Дар ин ҷо асосан сухан аз зиёд кардани майдони дарахтони ҷангал, беҳтар намудани сифати хок ва истифода бурдани оби борон меравад.

Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки усулҳои истифодаи аз ҷиҳати экологӣ тозаи об ҳосилнокии кишоварзиро 20 дарсад афзоиш медиҳад. Тадқиқоти дар 57 кишвари камдаромад гузаронидашуда нишон дод, ки идоракунии об дар якҷоягӣ бо чораҳои коҳиш додани пеститсидҳо ва беҳтар кардани сифати хок, ҳосили зироатҳоро 79 фоиз зиёд кард.

Тибқи Гузориши ҷаҳонии рушди об, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 таҳия шудааст, шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои хатари обхезӣ зиндагӣ мекунанд, аз 1,2 миллиард нафар ба 1,6 миллиард нафар хоҳад расид. Маҳз чунин мушкилотро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷаҳонии вобаста ба обро доир менамояд, ки баргузор шудани Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи амали об  рӯзҳои 6-9-уми июни соли 2022 дар пойтахти мамлакат, аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо мебошад.

Тафсилоти бештар вобаста ба мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли ин масоил имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»–и Радиои «Ховар» бо иштироки номзади илмҳои техникӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Номвар Қурбонов дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 2, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад