Дар Бохтар оид ба нақши Абурайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
БОХТАР, 31.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 1050-солагии нобиғаи маъруфи тоҷик Абурайҳони Берунӣ ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф таҳти унвони «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.
Ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода дар мавзӯи «Саҳми табибони асримиёнагии форс-тоҷик дар илми дорушиносӣ» маърӯза кард. Зикр шуд, ки «олими зуфунун-энсиклопедист Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048) мутафаккири форсизабони Хоразм буд, ки дар чандин соҳаҳои улуми асрҳои миёнаи Шарқи исломӣ, аз ҷумла дар соҳаи таърих, мардумшиносӣ, ҷуғрофия, забону адаб, нуҷуму ҳайат, ҳисобу арифметика, механика, геодезия, минералогия -илми ҷавоҳир, фармакология, геология беш аз 100 асари илмӣ офаридааст, ки асосан ба забонҳои арабӣ ва форсӣ тасниф шудаанд ва миқдори бузурги онҳо то замони мо расидааст. Умдатарин осори Абурайҳони Берунӣ «Таҳқиқ мол-ул-Ҳинд», «Қонуни Масъудӣ», «Ат-тафҳим», «Алҷамоҳир фил маърифат-ул-ҷавоҳир», «Алсайдана фи-т-тиб», «Осор-ул-боқия», «Таҳдид ниҳоят ал-амокин ли тасҳеҳ масафат ал- масакин» ва «Мукотибот» ба шумор мераванд».
Доктори илмҳои физика Абдулҳай Комилӣ дар мавзӯи «Мухтасар дар бораи Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар инкишофи илмҳои риёзиву табиӣ», доктори илмҳои техникӣ Маҳмадалӣ Сафаров дар мавзӯи “Саҳми олимони тоҷик дар рушд ва омӯзиши хосиятҳои гармофизикии моддаҳо дар тӯли 50 сол”, доктори илмҳои таърих Баҳром Қурбонов дар мавзӯи “Саҳми Закариёи Розӣ ва Абурайҳони Берунӣ дар инкишофи таърихи илму техника” ва доктори илмҳои педагогӣ Абдурасул Сатторов дар мавзӯи “Ақидаҳои Берунӣ ва ҳамзабонҳои ӯ ва масъалаҳои таълими математика” маърӯза намуданд.


Конференсияи мазкур се бахшро дар бар гирифт.
Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон таҷлили 1050-солагии донишманди саршиноси тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО, ки солҳои 2022-2023 ҷашн гирифта мешаванд, ворид гардид. Ин тасмим дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ ҳосил шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






