Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Аъзои Шӯро дар маҷмӯъ 25 масъала, аз ҷумла лоиҳаҳои қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар бораи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», 2 қонуни мукаммал — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯро пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ва иваз намудани номи он ба «30-солагии Истиқлол» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар қатори дигар масъалаҳо аз ҷониби аъзои Шӯро инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллӣ дар бораи бозхонд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Дастурамали коргузорӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва муҳокима карда шуданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






