Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд

Июнь 5, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки Маҷлиси намояндагон ба рушди робитаҳои байнипарламентии бисёрҷониба ва дуҷонибаи судманд дар доираи дипломатияи байнипарламентӣ аҳамияти хоса медиҳад.

«Мо бар он назарем, ки дипломатияи парламентӣ имрӯз ба яке аз механизмҳои муҳими таҳкими эътимод, густариши муколама ва наздиксозии мавқеъҳои давлатҳо ба шумор меравад. Дар ин замина аз рушди робитаҳо байни мақомоти қонунгузории ду ҷумҳурӣ истиқбол менамоем. Омодаем, ки ҳамкориро дар ин ҷода тавассути табодули мубодилаи сафарҳои ҳайатҳои парламентӣ, таҷрибаи қонунгузорӣ ва идомаи ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар созмонҳои байналмилалии парламентӣ тақвият бахшем», -афзуд Файзалӣ Идизода.

Инчунин аз таваҷҷуҳи ҷониби Ҷумҳурии Кипр ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва пешниҳоди марбут ба рушди ҳамкорӣ байни мақомоти қонунгузории ду давлат истиқбол карда шуд.

Ҳамзамон аз сатҳу муҳтавои ҳамкории ду давлат дар чорчӯби ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии байнипарламентӣ мисли Иттиҳоди байнипарламентӣ, Парламенти Иттиҳоди Аврупо ва Ассамблеяи парламентии Осиё изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ ва табодули фарҳангӣ метавонанд дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои мо саҳми назаррас гузоранд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид