Дар Душанбе бахшида ба фановарӣ ва эҷодкорӣ Ҷашвораи минтақавии «Go Viral» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шабакаи «Go Viral» дар Осиёи Марказӣ, Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон алоқамандону коршиносони бахшҳои расона, тиҷорат, фарҳанг ва фановариро ба ҷашнвораи серӯзаи «Go Viral Tajikistan», ки аз 13 то 15 май дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват менамояд.
Шурӯъ аз соли 2017 шабакаи «Go Viral» ҷиҳати рушди ВАО, фарҳанг, тиҷорат ва фановариҳо илҳомбахши рӯзноманигорон, соҳибкорон, филмсозон ва оҳангсозон мебошад.
Имсол мавзӯи ҷашнвора «Go Viral 2022: Ҷустуҷӯ. Ихтироъ. Роҳҳал» аст. Беш аз 50 сухангӯ бо намояндагӣ аз ширкат ва созмонҳои мухталиф, бо шумули «Алиф Бонк», «Илмхона», Ташкилоти амонатии қарзи хурди «Ҳумо», «Coca-Cola» ва «Amazon» дар ҷашнвора иштирок мекунанд.
Инчунин шахсиятҳои шинохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ – Рафаэл Гулов, Орзу Исоев, Зарнигор Маҳмудова ва Фаридун Хайруллозода суханронӣ хоҳанд кард. Рассом Фаррух Неъматзода, меъмор Оят Шакурӣ, санъатшинос Диана Раҳмонова, дастаи «Oogway Comics» ва наққоши афғон Умар Хамм низ аз ҷумлаи баромадкунандаҳо ҳастанд. Дар ҷашнвора Далер Назаров, Ҷасур Халилов, DJ Фирдавс Исоев, гурӯҳҳои мусиқии «Melody Rangers», «The Daze» ва гурӯҳи мусиқии афғонӣ аз Маркази «ITCC» ҳунарнамоӣ мекунанд, инчунин намоиши театрӣ ва намоишгоҳҳои ҳунарӣ манзури иштирокдорон мешаванд.
Соҳибкори амрикоӣ Брэндон Эндрюс дар ҷашнвора иштирок намуда, мастер-класс мегузаронад. Брэндон яке аз бунёдгузорони платформаи «Gauge» мебошад, ки ба таҳқиқи бозори дастгоҳҳои мобилӣ дар асоси зеҳни сунъӣ машғул аст. Ӯ ба унвони корманди илмии бахши фановариҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон дар мавриди соҳибкорӣ ва фановариҳо сухан гуфтааст.
АКС аз манбаъҳои боз








«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд






