Дар Душанбе Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Май 14, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 14.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) зимни ҷаласа дар Душанбе омодагиҳо ба чаҳорумин Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки қарор аст соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад, баррасӣ карданд.

13 май дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки нигоҳ доштани муколамаи эътимодбахши сиёсӣ ва густариши минбаъдаи муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ бешак авлавияти асосӣ мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳамкории бисёрҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карда, перомуни мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба татбиқи бандҳои Изҳороти муштарак аз натиҷаи Вохӯрии сеюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Аваза, 6 августи соли 2021) таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

«Ҳамчунин оид ба масъалаҳои омодагӣ ва баргузории Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт», — гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри 21, ки дар доираи нишасти дарпешистода ба имзо расонида мешавад, оғози давраи нави хамкории кишварҳои минтақа хоҳад гардид».

Ёдовар мешавем, ки нахустин Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар Қазоқистон, дуюмин – моҳи ноябри соли 2019 дар Узбекистон ва сеюмин – моҳи августи соли 2021 дар Туркманистон баргузор шуд. Дар вохӯрии охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни сарони давлатҳои минтақа аввалин шуда мукофоти олӣ — Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро сарфароз гаштанд. Ин мукофот ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ» тақдим карда шуд.

ДАР АКС: иштирокчиёни сеюмин  Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Аваза (Туркманистон), августи соли 2021

Май 14, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид