Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳақдод»-и ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии олу барои содирот идома дорад
ДУШАНБЕ, 27.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Боғдорони хоҷагии деҳқонии «Ҳақдод»-и ноҳияи Ҷайҳун барои таъмини бозорҳои мамлакат ва содирот ба хориҷи кишвар то имрӯз 15 тонна олу ҷамъоварӣ намуданд. Онҳо давоми ду-се рӯзи оянда зиёда аз 10 тоннаи дигари ин меваро ҷамъ оварда, барои содирот банду баст менамоянд, хабар доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 8 гектар замин дорад, ки 7 гектари онро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд. Қисмати асосии ҳосили ин боғот барои содирот ба хориҷи кишвар нигаронида шудааст. Ҳар сол аз боғоти хоҷагии мазкур 60 тонна олуву зардолу ва дигар меваҷот ба хориҷи мамлакат содирот мегардад.
Тибқи иттилои саҳмдорони хоҷагии мазкур, онҳо олуро бо нархи аз 3 то 5 сомонӣ ба соҳибкорон мефурӯшанд ва қисмати боқимондаи онро барои тайёр кардани нӯшоба ва афшура истифода мебаранд.
Соли гузашта аз ин боғ 20 тонна меваи олу ғундоштем, имсол ҳосили он зиёдтар аст, зиёда аз 25 тоннаро ташкил медиҳад, гуфт яке аз саҳмдорони ин хоҷагӣ ва илова кард, имсол дар муқоиса ба соли пешин ҳосили мева фаровон аст.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон










Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид






