Дар Тоҷикистон Марафони дав ба ифтихори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз шуд

Май 16, 2022 10:03

ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 Мина Гули —  шаҳрванди Австралия тасмим гирифтааст дар Тоҷикистон марафони дав баргузор кунад. Субҳи имрӯз, 16 май  марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе, дар масофаи 42 километр оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муҳлати марафони дав дар Тоҷикистон аз 15 май то 10 июнро дар бар мегирад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун”, “Норак” ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан ва дар Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (6-8 июн) ширкат мекунад.

Мина Гули ва ҳамроҳонашро 15 май дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон дар шаҳри Панҷакент масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент пешвоз гирифтанд.


Мина Гули тоҷирзани австралиягӣ буда, дар бахши муҳити зист фаъол аст. Директори генералии Фонди “Thirst”, ки дар самти таблиғи сарфаи об фаъолият мекунад, мебошад.

Мина Гули дар канори шаҳри Мелбурни Австралия таваллуд шуда, дар Донишгоҳи Мелбурн таҳсил кардааст. Соли 1993 президенти Иттифоқи донишҷӯёни Донишгоҳи Монаш интихоб шуд.

Пас аз хатми мактаб дар бахши хусусии соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор ба ҳайси ҳуқуқшинос кор кардааст. Соли 1999 дар биржаи фючерсҳои Сидней, дар рушди бозорҳои партовҳои карбон дар Австралия иштирок кард. Соли 2002 аз ӯ хоҳиш карда шуд, ки ба Бонки ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавад ва дар таҳияи лоиҳаҳои тиҷорати карбон дар Чин, Ҳиндустон, Непал ва Индонезия кумак кунад. Соли 2005 ба бахши хусусӣ баргашта, кори худро дар бахшҳои энергияи барқароршаванда ва тағйирёбии иқлим дар Чин идома дод.

Соли 2012 Мина Гули Фонди “Thirst” таъсис дод, ки ба ҷавонон сарфаи обро тарғиб мекунад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Май 16, 2022 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид