Дар вилояти Суғд 340 тонна пилла истеҳсол мешавад
ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар вилояти Суғд истеҳсоли 340 тонна пилла ба нақша гирифта шуда, айни замон ҷамъоварии он идома дорад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз нуқтаи қабули пилла дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
Ба хоҷагидорони ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев имсол 500 қуттӣ кирмак тақсим гардида, кирмакпарварон тасмим гирифтаанд 15 тонна пилла истеҳсол намоянд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон изҳор намуд, ки пилла ашёи муҳими саноатӣ буда, бо назардошти ин «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» қабул карда шудааст. Ҳоло барои рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Раиси вилоят барои иҷрои нақшаи пешбинишуда ба кирмакпарварон тавсияҳо дода, ба занону бонувоне, ки ба ин шуғл машғуланд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Сипас, роҳбари вилоят сокини Ҷамоати деҳоти Унҷӣ Муҳаммадҷон Неъматовро аёдат кард. Оилаи Неъматовҳо солҳои зиёд инҷониб ба кирмакпарварӣ машғул буда, имсол 50 кг пилла месупоранд.
Раиси вилоят ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Акс: МИҲД-и вилояти Суғд








Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






