Доир ба имзои Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни Тоҷикистон ва Япония пешниҳодҳо ироа гардиданд

Май 13, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 13.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ доир ба таҳия ва имзои Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, фарҳанг, варзиш, илм ва технологияи Япония, зиёд кардани стипендияи MEXT ва осон кардани шароити он барои донишҷӯёни тоҷик, ҷалби грантҳои Япония дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расонидани кумаки техникӣ ба Вазорати маориф ва илм барои коҳиш додани таъсири пандемияи ҷаҳонӣ пешниҳодҳо ироа гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пешниҳодҳои мазкур зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода ва Сафири навтаъини Япония дар Тоҷикистон Тосихиро Аикӣ ироа гардиданд.

Дар вохӯрӣ муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Илҳом Камолзода ва сардори раёсати сохтмони асосии назди вазорат Дилшод Сафарзода иштирок намуданд.


Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар – Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон забони ҷопонӣ таълим дода шуда, ҳар сол дар кишвар озмуни забони ҷопонӣ баргузор мешавад.

Зикр шуд, ки Япония дар бунёди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад. «Танҳо соли 2019 бо ибтикори Сафорати Япония дар Душанбе ва бо маблағгузории Япония 3 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд. Умедворем, ки то моҳи сентябр дар ҳамкорӣ бо шарикони Япония сохтмони муассисаҳои таълимии нав дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расанд. Ҳамчунин Вазорати маориф ва илм бо Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм, ки ба стратегияи 5-солаи JICA дохил карда мешавад, ҳамкории зич дорад», — иброз дошт Вазири маориф ва илм.

Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати вусъати ҳамкории ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагиашонро изҳор доштанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 26 сол дар ноҳияи Восеъ 16 муассисаи нав бунёд карда шуд
Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид
«МАКТАБИ ПЕШСАФ — МАКТАБИ ШАРИК». Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон таҳти чунин унвон низоми нав амалӣ карда мешавад
Осори Робиаи Балхӣ ба 10 забони хориҷӣ тарҷума карда шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф давоми 25 соли охир 224 баробар зиёд гардид