Донишҷӯи тоҷик ғолиби озмуни «Ҳафтаи мӯд дар водии Фарғона» гардид

Май 28, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, узви фаъоли маҳфили илмӣ-ҳунарии «Лоиҳакаши муосири либос» Малика Уралова  ғолиби озмуни минтақавии «Ҳафтаи мӯд дар водии Фарғона» гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд. 

Озмуни мазкур бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии «Оянда аз имрӯз оғоз мешавад» доир шуда, дар он донишҷӯи тоҷик либосҳои миллӣ ва аврупоии омоданамудаашро ба намоиш гузошт.

Озмуни «Ҳафтаи мӯд дар водии Фарғона» дар доираи лоиҳаҳои  мақомоти маҳаллии ҷумҳуриҳои Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуда, ҳадафи он сарҷамъ намудани соҳибистеъдодҳо ва ба роҳ мондани дӯстӣ миёни минтақаҳо мебошад.

Акнун Малика Уралова шарафи давлатамонро дар даври байналмилалии озмун, ки дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад, ҳимоя мекунад.

АКС: Хадамоти матбуоти вилояти Суғд

Май 28, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд