ЭҲТИЁТ! Дар ҷаҳон гепатити асроромез сар задааст. Дар бораи он ба мо чӣ маълум аст?

Май 18, 2022 14:09

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ«Ховар»/. Дар саросари ҷаҳон аллакай чандсад ҳолати нави гепатит муайян карда шудааст. Ба он кӯдакон, бахусус ҳар нафари даҳум гирифтор мешаванд, ки хеле ҷиддист. Сабабҳои дақиқи хурӯҷи беморӣ то ҳол маълум нест, аммо якчанд назарияҳо мавҷуданд. АМИТ «Ховар» оид ба онҳо бо истифодаи маводи ТАСС Наука маълумот медиҳад.

Аз куҷо ин беморӣ пайдо шудааст?

Дар аввалҳои моҳи апрел мақомоти Шотландия даҳ мавриди гирифторӣ ба гепатит дар кӯдакони то даҳсоларо хабар доданд. Духтурон сабаби дақиқи онро муайян карда натавонистанд. Дере нагузашта, ин ташхис ба 74 кӯдак дар Британияи Кабир гузошта шуд. Инчунин маълум гашт, ки дар тирамоҳи соли 2021 нуҳ кӯдак бо осеби шадиди ҷигар дар бемористонҳои Илоти Алабама (ИМА) бистарӣ шудаанд ва вазъи як нафарашон вазнин аст. Ин кӯдакон ҳамаашон то шашсола будаанд.

Тибқи маълумоти ТУТ, то миёнаҳои моҳи май дар ҷаҳон аллакай тақрибан 450 ҳолат ошкор шудааст. Он асосан дар кишварҳои Аврупо (Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Дания, Фаронса, Олмон, Ирландия, Италия, Нидерландия, Норвегия, Полша, Руминия, Молдова, Испания), инчунин дар ИМА, Канада, Исроил, Индонезия ва Ҷопон ба қайд гирифта шудааст.

Оид ба беморон чӣ маълум аст?

Аксари кулли беморонро кӯдакони то 10-сола ташкил медиҳанд. Тақрибан дар ҳар маризи даҳум беморӣ дар шакли махсусан вазнин мегузарад, ки дар ин ҳол аз нав гузоштани ҷигар лозим аст. Оид ба фавти даҳ нафар иттилоъ додаанд.

Аломатҳои ин беморӣ аз қайкунӣ, дарди шикам, дарунравӣ, беобӣ ва зардпарвин – зардшавии пӯст ё чашм иборатанд. Беморон инчунин дар хуни худ сатҳи баланди ферментҳои ҷигар доштаанд, ки ин илтиҳоб ё осеби ҷигарро нишон медиҳад.

Ин беморӣ гоҳ-гоҳ ба амал меояд ва ҳолатҳо бо ҳам алоқаманд нестанд. Ин метавонад нишон диҳад, ки сирояткунандаи ягона вуҷуд надорад.

Чаро онро гепатити пайдоишаш номаълум меноманд?

Сабаби асосии гепатит сирояти вирусӣ мебошад. Сабабҳои дигар аз майзадагӣ, истифодаи баъзе аз доруҳо, бемориҳои аутоиммунӣ ва заҳролудшавӣ бо моддаҳои заҳрнок иборатанд.

Аммо авҷи нав табибонро ба ҳолати ногувор оварда расонд. Вирусҳои маъмултарине, ки боиси гепатити шадид (гепатитҳои А, В, С, D ва Е) мешаванд, дар ҳеҷ кадоме аз беморон ёфт нашуданд. Робита бо доруҳо (масалан, истифодаи аз ҳад зиёди паратсетамол, ки метавонад боиси норасоии кори ҷигар гардад) тасдиқ нашудааст.

Оё дуруст аст, ки гепатит таъсири ваксина аст?

Баъзе ваксинаҳои коронавирус бо истифода аз аденовирусҳо сохта мешаванд (масалан, ваксина аз Oxford/ AstraZeneca, Johnson&Johnson, «Спутник V»-и Русия. Онҳо дорои вируси аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта (вектор) мебошанд, ки аз қобилияти такрористеҳсолкунӣ маҳруманд. Он барои интиқол додани як пораи рамзи генетикии коронавирус ба ҳуҷайра истифода карда мешавад.

Соли 2021 маҷаллаи Journal of Hepatology мақолае нашр кард, ки дар он оид ба якчанд ҳолатҳои осеби ҷигар дар амрикоиҳо, ки ваксинаҳои мРНК –и истеҳсоли Pfizer ва Moderna mRNA гирифтаанд, маълумот дода шуда буд. Аз 16 нафар беморон ягон нафарашон кӯдак набуда,  аксарашон аз 60-сола боло буданд.

Беморон пас аз 5-46 рӯз пас аз вояи якуми ваксина, аз ҷумла 12 бемор (75%) пас аз вояи дуюм барои кумак муроҷиат карданд. Шаш нафар беморон бемории музмини ҷигар, се нафарашон сиррози ҷигар доштанд ва як нафар қаблан гепатити вирусии С муолиҷа карда буд. Ягон бемор аломатҳои гепатити вирусӣ надошт.

Ба гуфтаи муаллифони мақола, ваксинаҳо метавонанд на сабаби мустақими беморӣ, балки бавуҷудорандаи мушкилиҳо шаванд. Шояд вокуниши қавии иммунӣ ба ваксина боиси авҷ гирифтани бемориҳои кӯҳна гардад. Дар ҳар сурат, интихоб барои баровардани хулосаҳои қатъӣ хеле кам аст.

Акс:: © EPA-EFE/STEPHANIE LECOCQ

Май 18, 2022 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад