ФЕСТИВАЛИ ОБ. Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии об доир мегардад

Май 25, 2022 15:51

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар». Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,   шоми 6 июн дар Боғи фарҳангу фароғати «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали оби Душанбе гузаронида мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ  «Ховар» дар котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор».

Ҳадафи асосии  баргузории  Фестивали оби Душанбе баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи арзиши об ҳамчун сарвати  ҳаётан муҳим, аҳамияти муносибати эҳтиёткорона ба об ва ҳифзи он барои наслҳои оянда мебошад.

Баргузории фестивал ба муаррифии  сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешрафта дар пешбурди масоили об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ равона шудааст. Дар барномаи он намоиши ҳунарҳои миллӣ ва эҷодиёти мардум, таомҳои миллии тоҷикон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, навъҳои гуногуни оби ошомиданӣ, барномаи консертӣ бо иштироки устодони варзида ва санъаткорони шинохтаи  кишвар пешбинӣ шудааст.

Баргузории Фестивали оби Душанбе  имкон медиҳад, ки меҳмонон   бо таърихи бою қадимӣ, фарҳанг, ҳунар,  анъана ва зиндагии мардуми тоҷик шинос шаванд.

АКС: АМИТ  «Ховар»

Май 25, 2022 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид