Идомаи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Туркманистон

Май 11, 2022 21:50

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 11 май дар идомаи сафари расмӣ дар Туркманистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон аз Масҷиди маънавиёти Туркманбошии Қипчоқи шаҳри Ашқобод боздид ба амал оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром дар назди мақбараи нахустин Президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов гулгузорӣ намуданд.

Сипас, Раиси Маҷлиси миллӣ ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷмааи байналмилалии аспиву варзишии шаҳри Ашқобод ташриф оварданд. Дар ҳамин ҷо ба меҳмони олиқадр барномаи Гурӯҳи бозиҳои миллии аспии «Галкиниш» намоиш дода шуд.


Дар идома Рустами Эмомалӣ аз шаҳраки олимпии шаҳри Ашқобод дидан намуданд.

Дар ҳамин ҷо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Ашқобод Раис Гандимов мулоқот анҷом доданд.


Зимни суҳбати самимӣ доир ба дастовардҳои пойтахти Туркманистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, рушди иҷтимоиву фарҳангӣ, бахусус пешравиҳои бахши варзишу сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Шаҳраки олимпии мазкур ба сифати яке аз объектҳои асосии Бозиҳои Осиёии соли 2017 дар толорҳои пӯшида маҳсуб ёфта, дар масоҳати 157 гектар бунёд карда шудааст.


Дар ҳудуди шаҳрак зиёда аз 30 иншооти варзишии мухталиф, аз ҷумла варзишгоҳи «Олимпӣ» бо 45000 нишастгоҳ, маркази параолимпӣ, маркази тиббию офиятӣ, велотреки пӯшида, маҷмааи варзишии санъати ҳарбӣ, иншооти пӯшидаи варзиши сабук, корти теннис, ҳавзи шиноварӣ, толорҳои гуногун, маркази тиҷоратӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар объектҳои марбута қомат афрохтаанд.


Имрӯз ҳамчуни Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳони худ бо фаъолияти муассисаи давлатии «Маҷмааи бофандагии Ашқобод» шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин коргоҳ дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона буда, маснуоти босифати бофандагии он аз пахтаи маҳаллӣ мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ торафт мустаҳкам менамояд.


Иқтидори солонаи маҷмааи бофандагии Ашқобод коркарди 13100 тонна ришта ва 22,5 миллион метри мураббаъ матои пахтагин буда, дар он 2800 корманд дар чор бахш – тайёркунӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ фаъолият доранд.

АКС: Тоҳир САИДОВ/АМИТ «Ховар»

Май 11, 2022 21:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид