«ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР». Таҳти ин унвон барои раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо давраи такмили ихтисос оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 май барои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва масъулони самти маҳал аз рӯи барномаи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир” давраи такмили ихтисос оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат номидаанд. Дар давраи такмили ихтисоси мазкур коршиносон ва мутахассисони варзида оид ба нозукиҳои идоракунии давлатӣ ба шунавандагон маълумот медиҳанд”.
Дар машғулияти аввал директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд.
Давраи такмили ихтисос то 27 май идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагон машғулият вобаста ба хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии осеби равонӣ (стресс) дар раванди идоракунӣ, мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, мушкилот ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳия ва рафти иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, техникаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварӣ ва хусусияти он дар замони муосир ва нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ омӯзонида мешаванд.
Дар анҷоми давраи такмили ихтисос дар мавзӯи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо” ҳамоиш баргузор мешавад.
АКС: Академияи идоракунии давлатӣ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






