Имрӯз дар Москва бахшида ба 30-юмин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия намоишгоҳ ифтитоҳ мешавад
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи миллии Русия (КМР) имрӯз, 12 май дар бинои нави худ бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия намоишгоҳи «Тоҷикистон: фарҳанг ва анъана»-ро ифтитоҳ менамояд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Китобхонаи миллии Русия хабар доданд, маросими ифтитоҳи намоишгоҳ 12 май, соати 16:00 ба вақти Москва (18.00 ба вақти Душанбе) дар бинои нави Китобхонаи миллии Русия дар суроғаи ш. Санкт-Петербург, хиёбони Московский, 165 сурат мегирад.
«Намоишгоҳ дар бораи таърихи халқи тоҷик- куҳантарин мардуми бумии Осиёи Миёна, инчунин оид ба комёбиҳои ҷумҳурӣ, ки соли 1929 ба ҳайати ИҶШС дохил шуда буд ва Тоҷикистони кунунӣ маълумот медиҳад. Дар намоиш нашрияҳои нодири хазинаи тоҷикии шуъбаи адабиёти миллии Китобхонаи миллии Русия ба маърази тамошо гузошта шудаанд»,-хабар доданд дар дафтари матбуоти китобхона.
Миёни китобҳои нодир ёддоштҳои тоҷири бухороӣ Мирзо Шамси Бухорӣ «Дар бораи баъзе воқеаҳои Бухоро, Қӯқанд ва Қошғар», ки шарқшиноси рус Василий Григорйев тарҷума намудааст (Қазон, 1861), асари муаррих Абутоҳир-Ҳоҷӣ «Самария: тавсифи ёдгориҳои таърихии Самарқанд» (Санкт-Петербург, 1904) мавҷуданд. Тамошобинони китобхона бо осори маорифпарварон, шоирон, файласуфон ва олимони тоҷик, аз қабили Аҳмади Дониш, Абӯалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Умари Хайём, инчунин бо достони миллии «Гуруғлӣ» ва афсонаҳои халқӣ шинос мешаванд.
Яке аз бахшҳо доир ба таърихи хатти мардум, вожаҳои аз забони русӣ иқтибосшуда, хусусияти савтӣ ва алифбои форсӣ нақл мекунад. Қисме аз намоишгоҳ ба мусиқии миллии Тоҷикистон, ороишу нақшу нигори мардумӣ, идҳо, расму оин ва ҳунари таббохӣ бахшида шудааст. Намоишро албомҳои аксҳо пурра мекунанд, ки барои саёҳати маҷозӣ ба шаҳрҳои қадимӣ ва маконҳои сайёҳӣ кумак мерасонанд.
Намоишгоҳ дар асоси маводи шуъбаи адабиёти миллӣ ва Хазинаи китоби Русия ташкил гардида, то 29 май идома мекунад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар дода буд, 19 апрел дар Кохи калони Вазорати корҳои хориҷии Русия Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров намоишгоҳи аксҳои ҳуҷҷатиро бахшида ба 30-солагии барқарор гардидани муносибатхои дипломатӣ миёни Федератсияи Русия ва Точикистон, инчунин дигар кишварҳо- аъзои ИДМ ифтитоҳ намуд.
Акс: КМР










Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид






