Имрӯз «Оташи хотира» аз Москва ба Душанбе меояд
ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 май, созмондиҳандагони иқдоми «Оташи хотира» заррае аз шуълаи Оташи абадии оромгоҳи сарбози номаълум, воқеъ дар Москваро ба Душанбе меоранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» имрӯз аз намояндагии «Россотрудничества» дар Тоҷикистон хабар доданд.
«Рӯзи шанбе, 7 май, соати 12:30 дар Мактаби миёнаи русӣ-тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (кӯчаи Шевченко, 109) маросими супоридани капсулаи «Оташи хотира», ки дар Оташи абади оромгоҳи сарбози номаълум дар Москва афрӯхта шудааст, баргузор мегардад. Тибқи рисолати ин иқдом, заррачаи Оташи абад дар капсулаҳои махсус барои нигаҳдории доимӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ интиқол дода мешавад, то насли наврас таърихи Ҷанги Бузурги Ватаниро донанд ва гиромӣ доранд», — гуфтанд дар намояндагии «Россотрудничества».
Иқдоми «Оташи хотира» чун анъана дар арафаи Рӯзи Ғалаба баргузор мешавад. Имсол ширкаткунандагони иқдом ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар 17 вилояти Русия ва 12 давлати ширкаткунандаи ин иқдом муқим ҳастанд, чароғҳои дорои зарраҳои Оташи абад месупоранд. Раҳпаймоӣ 6 май аз Боғи Александр дар Москва оғоз гардид. Ҳамчунин чароғҳои оташдор ба Арманистон, Исроил, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Узбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Беларус интиқол дода мешаванд.
Елена БАТЕНКОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Анна Попова / АиФ








Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид






