ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ «ТОҶИКСТАНДАРТ». Барои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Амрикову Аврупо ва Осиё стандартҳои байналмилалӣ таҳия шуданд

Май 25, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 25.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид» 25 май Рӯзи кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мебошад. Тавре аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд, дар 3 соли охир дар ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 240 стандарти байнидавлатӣ қабул карда шудаанд, ки дар рушди мамлакат ва саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии Тоҷикистон нақши муҳим мегузоранд.

Агентии «Тоҷикстандарт» мақомоти миллии соҳаи стандартонии мамлакат маҳсуб шуда, нақши он дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар назаррас мебошад.

Тавре масъулини соҳа иброз доштанд, «Тоҷикстандарт» Тоҷикистонро дар созмонҳои байналмилалии соҳаи стандартикунонӣ муаррифӣ менамояд ва дар фонди он зиёда аз 27 ҳазор стандарти байнидавлатӣ, давлатӣ ва байналмилалӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки бештар аз 4 ҳазорашро стандартҳои соҳавӣ, кишоварзӣ ва хӯрокворӣ ташкил медиҳанд.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Суҳроб АШУРЗОДА изҳор дошт, ки «Тоҷикстандарт» бо корхонаҳое, ки ба истеҳсолот машғуланду маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар содирот менамоянд, ҳамкории амиқ дошта, барои таъмин намудани онҳо бо стандартҳои байналмилалӣ, ки омили асосии содироти маҳсулот ба ҳисоб мераванд, тадбирҳо меандешад.

Тавре Суҳроб Ашурзода гуфт, «ҷиҳати вусъат додани содирот бо ташкилоти байналмилалии таҳиякунанндаи стандартҳо ҳамкорӣ ҷараён дорад. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва тақвияти рушди содирот барои таҳияи стандартҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва бе монеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ бо ташаббуси «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар гурӯҳи кории техникӣ ташкил карда шудааст. Аз тарафи гурӯҳ рисолаи тавзеҳӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалии «ЕЭК ООН FFV-25» барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти пиёзи барвақтӣ ва стандартти «ЕЭК ООН FFV-63» барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, лимӯ, ангур, олуи сиёҳ, харбузаи хушк, хуҷҷатҳои зарурӣ таҳия шудаанд».

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, «таҳияи чунин стандартҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзии кишвар ба бозорҳои ИМА, Аврупо ва Осиё бидуни монеаҳои сунъӣ содирот шавад ва таҳияи ин стандартҳо дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид (ЕЭК ООН) роҳандозӣ гардад».

Бояд гуфт, ки ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти пастсифат ва зараровар ба саломатӣ аз самтҳои калидии фаъолияти мақомоти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ба шумор рафта, дар ин ҷода тадбирҳои зарурӣ андишида мешаванд. Тавре корманди ин мақомот Мурод Ашуров изҳор дошт, «вобаста ба он ки аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳама намуди санҷишҳо то моҳи январи соли 2023 мораторий эълон гардидааст, талоши онҳо ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баргузории машваратҳо бо савдогарону истеҳсолкунандагони ватанӣ ва воридкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ равона гардидааст.

Мавсуф изҳор дошт, ки «маҳз натиҷаи вохӯриву машваратҳои баргузоршуда буд, ки имрӯз аз ҷониби фурӯшандагону соҳибкорони боинсоф ба агентии «Тоҷикстандарт» барои нобудсозии маҳсулоте, ки муҳалати истеъмолаш гузаштааст, дархостҳо ворид мегарданд. Давоми 4 моҳи соли 2022 қариб 20 тонна ин гуна маҳсулот пешниҳод карда шуд».

Мурод Ашуров изҳор дошт, ки «дар 4 моҳи имсол дар раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба миқдори 549,6 тонна маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ ошкор шудааст, ки як қисми он аз рӯи сифату бехатарӣ ва қисмати дигар аз рӯи тамғагузорӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз маҳсулоти ошкоршуда 5430 кг-ро равған, 490 тоннаро маҳсулоти ғалладонагӣ, обҳои нӯшокӣ, консерва, маҳсулоти макаронӣ, намак ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аксарияташон воридотиянд, ташкил медиҳанд».

АКС аз манбаъҳои боз

Май 25, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд