Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ маълум гардид

Май 3, 2022 14:34

ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 13 майи соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, дар лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа 9 масъала пешбинӣ шудааст. Вазирон ба нақша гирифтаанд, ки оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод табодули афкор кунанд.

Дар назар аст, ки маърӯза «Дар бораи лоиҳаи байналмилалии «Пойтахти ҷавонони ИДМ» шунида шавад.

Лоиҳа
(ба ҳолати 26 апрели соли 2022)

РӮЗНОМАИ
ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

13 майи соли 2022, шаҳри Душанбе

  1. Мубодилаи афкор аз рӯйи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар сиғаи ИДМ.
  2. Дар бораи гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
  3. Дар бораи Лоиҳаи байналмилалии «Пойтахти ҷавонони ИДМ».
  4. Дар бораи татбиқи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳӣ миёни ВКХ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2021
  5. Дар бораи ҷараёни иҷрои Барномаи амал оид ба фаъолгардонии шарикӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021.
  6. Дар бораи ташкили заминавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фаъолияти нотариалӣ.
  7. Дар бораи ташкили заминавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи туризм.
  8. Дар бораи лоиҳаи Номгӯи лоиҳаҳои илмии умедбахш, самтҳои дахлдори афзалиятноки тадқиқоти бунёдӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
  9. Дар бораи мукофотонидан бо Ифтихорномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 3, 2022 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд