Маҳмадтоир Зокирзода ва Соҳиба Ғаффорова таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷонро муҳокима намуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон манфиатдорем. Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот бо Раиси Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова иброз намуд, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар”.
Мавсуф афзуд, ки “ба давлатҳои мо муяссар гардид, ки дар давраи истиқлол, тӯли 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ (29 майи соли 1992) низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии дуҷонибаро дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробарҳуқуқ бунёд намоем. Ба шарофати иродаи устувори сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи Сарони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои рушди ҳамкории мутақобила заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст.
Мехоҳам аҳамияти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар моҳи августи соли 2018, ки зимни он оид ба идомаи фаъолият ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба тавофуқ ҳосил шуда буд, таъкид намоям. Ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти мо ба кишвари Шумо ба имзо расидаанд, тамоми самтҳои асосии ҳамкорӣ, табодули афкори созанда ва манфиатдор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии байни давлатҳои моро фаро мегиранд. Дар ҷараёни ин сафар 12 санади нав ба имзо расид, ки барои гузаштан ба шарикии бисёрҷанбаи ду кишвар ба сатҳи баланди ҳамкории мутақобилан судманд мусоидат карданд”.
Дар айни замон заминаи ҳуқуқии Тоҷикистон ва Озарбойҷон 59 созишнома ва аҳдномаро дар бар мегирад, ки бар заминаи Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон асос ёфтааст.
Зикр шуд, ки омили рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳарду давлат иҷрои ҳадафҳое мебошад, ки дар доираи созишномаҳои дар доираи Комиссия ба даст оварда ва татбиқи санадҳои байнидавлатӣ ба имзо расидаанд. Намунаи ин гуна ҳамкории судманд-ин бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва бо дастгирии соҳибкорони озарӣ 30 апрели соли 2020 таъсис додани «Хонаи тиҷоратии «Тоҷикистон» дар шаҳри Боку мебошад.
“Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон фавран пас аз таъсиси Парлумони нави касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Имсол ин дуюмин сафари ҳайати парлумонии мо дар сатҳи олӣ мебошад”,-гуфт дар интиҳо Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии накӯ ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.
Акс: МН МО ҶТ








Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид






