«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

Май 16, 2022 16:30

ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова таҳти унвони «Малика: дирӯз, имрӯз ва ҳамеша» барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ.

Дар барномаи фарҳангӣ раққосаҳои балет аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Япония ҳунарнамоӣ мекунанд.

Агар умр вафо мекард, беҳтарин балеринаи тоҷик Малика Собирова 22 майи имсол 80 — сола мешуд, вале ӯ дар синни 39 ин оламро тарк кард. Ӯ Лауреати конкурси байналхалқии балети классикӣ дар Варна(1964), Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ(1967), мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ, мукофоти комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон(1967), орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мебошад.


Малика Собироваро асосгузори рақси балети классикии тоҷик медонанд. Зеро истеъдоди табиӣ ва меҳнатдӯстии ӯ сабаб гардиданд, ки ин ҳунарпешаи нотакрор дар саҳна нақшҳои беназир ва олӣ офарад. Ӯ тавассути рақси мавзун ва хиромони шарқӣ эҳсосҳои самимии инсониятро ҷустуҷӯ намуда, ба тамошобинон мерасонд.

Малика Собирова зимни фаъолияти худ дар саҳнаҳои бузурги Британия, Ирландия, Ҷопон, Эрон, Миср, Аврупо, Куба, Австралия ва Амрикои Лотинӣ ҳунарнамоӣ намуда буд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 16, 2022 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид