Маркази барномаҳои байналмилалӣ: ҳуҷҷатсупорӣ барои бурсияҳои таҳсилии Қазоқистон ва Беларус оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Ҷумҳурии Қазоқистон ва Беларус барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2023 бурсияҳои таҳсилӣ дар зинаи бакалавр ва магистратура ҷудо намудааст.
Довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Беларусро доранд, метавонанд то 15 майи соли 2022 барои бурсияҳои таҳсилии Қазоқистон ва то 10 июни соли 2022 барои бурсияҳои Беларус худро дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба қайд гиранд.
Довталабон метавонанд барои номнавис шудан ба суроғаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 47 (назди Алиф Сармоя) муроҷиат намоянд, ё тариқи телефони 2-23-23-59 ва почтаи электронӣ: mbb-2008@mail.ru тамос гиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






