Миср хостори ифтитоҳи намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳояш дар Тоҷикистон гардид

Май 16, 2022 16:52

ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ифтитоҳи намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким  Холиқзода бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мисри Араб, ки таҳти сарварии  Осама Муҳамед Камол ба Тоҷикистон омадааст, дар Душанбе баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳоким Холиқзода гуфт, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити созгор ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст. Мавсуф гуфт, ки ҷалби сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ буда, роҳандозии ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мисри Араб дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва сармоягузории бахши бонкӣ ва суғурта  ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳоким Холиқзода сафари ҳайати сармоягузорони мисриро ба Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ва заминаи нави мусоид барои тақвияти рушди ҳамкорӣ дар сатҳи нав миёни ҳарду кишвар, ки аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мисри Араб маншаъ мегирад, арзёбӣ намуд.

Роҳбари ҳайати сармоягузорони мисрӣ Осама Муҳамед Камол ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд ва имконияти сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ баён дошт.


Гуфта шуд, ки  ташрифи соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Мисри Араб ҷиҳати пайгирии раванди татбиқи санадҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ҳангоми баргузории Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср, ки моҳи марти соли равон дар Қоҳира ба имзо расида буд, ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба имконияти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, кушодани ташкилоти суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Миср дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҳамчунин бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории судманд миёни бонкҳои марказии Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самтҳои гуногуни бахши бонкӣ ва баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба миёни бонкҳои марказӣ таваҷҷуҳ зохир гардид.

Дар доираи баргузории форуми ҳайати Мисри Араб ва намояндагони Тоҷикистон ба роҳ мондани муносибатҳо ва мустаҳкам намудани ҳамкории бисёрҷониба ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 16, 2022 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад