Миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи эҷодии журналистони Узбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи эҷодии журналистони Узбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати муҳимро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва раиси Иттифоқи эҷодии журналистони Узбекистон Олимҷон Усаров ба имзо расониданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Санади мазкур имкон медиҳад, ки ҳар сол ҳайатҳои журналистони ду кишвар сафарҳои эҷодӣ дошта бошанд. Яъне ҳар сол ҳайати 10-нафараи журналистони Тоҷикистон ба Узбекистон ва журналистони Узбекистон ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Инчунин ёддошти мазкур барои табодули таҷриба, баргузории машғулияти омӯзишӣ ва доир намудани барномаҳои муштарак замина фароҳам меорад.


Дар маросими баимзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан гуфт.
Дар анҷоми ин маросими бошукӯҳ ба 6 нафар рӯзноманигори Узбекистон, ки дар нашрияҳои чопиву электронии тоҷикӣ фаъолият мекунанд, шаҳодатномаи узвият ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон супорида шуд.
АКС: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон









Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






