«МО ДАР ТОҶИКИСТОН ХУДРО РОҲАТ ЭҲСОС МЕКУНЕМ». Дар Тошканд масъалаҳои рушди ҷамъиятҳо* дар Осиёи Марказӣ муҳокима шуданд

Май 12, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 12.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: «Рушди ҷамъиятҳо* дар Осиёи Марказӣ — омили муҳими рушди устувор» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ширкат намуданд.

Дар конфронс зиёда аз 100 нафар намояндагони муассисаҳои илмӣ, академӣ ва таҳлилии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Олмон, Полша ва Русия ширкат варзиданд.  Аз ҷумла, намояндагиҳои Бунёди Конрад Аденауэр дар Узбекистон, Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, Маркази илмии тадқиқоти стратегии ИМО-и Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, Академияи илмҳои Туркманистон, Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия ширкат варзиданд.

Конфронси мазкур анъанавӣ буда, бори шашум баргузор мешавад. Он ба рушди ҷамъиятҳо дар Осиёи Марказӣ, инчунин ба ҷамъиятшиносӣ (диаспорология) — соҳаи нави илм дар самти иҷтимоию гуманитарӣ бахшида шудааст.

Ҳадафи асосии чорабинӣ муттаҳидсозии ҷомеаи илмии кишварҳои хориҷӣ ба омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни илмӣ, назариявӣ ва методологӣ дар соҳаи диаспорология, омӯзиши падидаи таҳаммулпазирӣ дар байни мардуми минтақа, таърих ва рушди муосири диаспораҳои* халқҳои Осиёи Марказӣ, нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ маърӯзаҳои илмӣ ва академикӣ шунида шуда, тадбирҳои амалӣ муайян карда шуданд, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва рушди диаспорология дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавсияҳои дахлдор таҳия карда шуданд.

Дар Тоҷикистон қаблан, аз ҷумла се сол пеш дар ин мавзӯъ конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ баргузор шуда буданд. Ба узвияти Конвенсия оид ба таъмини ҳуқуқи ашхоси мансуб ба ақаллияти миллӣ (шартномаи байналмилалӣ, ​​ки даҳ давлати ИДМ имзо кардааст. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар») Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз бист сол пеш, 24 январи соли 2001 шомил шуда буд.

Тоҷикистон давлати сермиллат буда, дар он зиёда аз 100 миллат зиндагӣ мекунанд. Ақаллияти миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷамъиятҳои худро дар шакли иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкил карданд, ки талаботи фарҳангии ин ақаллиятро қонеъ мегардонанд.

Дар айни замон дар кишвар зиёда аз 16 ҷамоаҳои миллӣ-фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки роҳбарони 10 ҷамъияти калон дар баробари роҳбарони 7 ҳизби сиёсӣ ва роҳбарони дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ 9 марти соли 1996 ба Созишномаи ризоияти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон имзо карданд. Онҳо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон мебошанд.


Ин ҷамоаҳо асосан дар самти фарҳангию маърифатӣ фаъолият мебаранд. Ҳар кадоми онҳо санаҳои муҳими мардуми худ – шуруъ аз санаҳои бузург, чун Рӯзи Истиқлол то, масалан, зодрӯзи адибон, санъаткорон ва дигар шахсони барҷастаро таҷлил мекунанд.

Ташкилоти ҷамъиятии қазоқҳо «Байтерек» дар Тоҷикистон зиёда аз 2500 ҳазор нафар қазоқҳоро муттаҳид менамояд. Номи ҷамъият рамзӣ аст: Байтерек дарахти ҳаёт аз мифологияи миллии қазоқ буда, се оламро бо ҳам мепайвандад: олами зеризаминӣ, рӯи замин ва қулла.

«Бо шарофати он ки иқлими Тоҷикистон ва манзараи табиии он ба иқлими Арманистон шабоҳат дорад ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик дар қиёс имконнопазир аст, мо, арманиҳои Тоҷикистон дар ин ҷо худро осуда ҳис мекунем ва барои зодгоҳамон он қадар дилтанг ҳам нестем»,- чунин иттилоъ дода буд чанд сол пеш ба хабарнигорон раиси ҷамъияти Арманистон Грант Газарян, ки ҳанӯз соли 1989 дар Тоҷикистон ташкил шуда буд.

Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

________________

* Ҷамъият (аз юнонии «пароканда») як қисми халқест (этносҳо), ки берун аз кишвари аслии худ зиндагӣ намуда, дар мамлакати иқоматдошта миллатҳои муттаҳиду устуворро ташкил дода, дорои институтҳои иҷтимоию нигоҳдорӣ ва рушди ҳувияту ҷомеа мебошанд.

Май 12, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи ҷашни Сада конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир гардид
Дар назди Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар Маркази шуғли фосилавӣ ифтитоҳ гардид
Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат муҳлат додааст
Ҷаласаи 7-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти боркортаъминшавӣ» доир гардид
Дар доираи «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» соҳаи тандурустии Тоҷикистон пурра рақамӣ мегардад
ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Чӣ гуна ҷавонон соҳибкасб мешаванд ва оё касбашон бозоргир аст?
ОЁ МЕДОНЕД? Бағоҷи дар фурудгоҳ фаромӯшшуда чӣ гуна ба соҳибаш баргардонида мешавад?
САБАБИ ЗИЁД ГАРДИДАНИ ТУМАН ДАР ЧИСТ? Шарҳи Агентии обуҳавошиносӣ дар ин мавзуъ
Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Хуруҷи коронавируси нави COVID-Omicron XBB дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад
Ба шаҳрҳои Бохтар ва Левакант техникаи нави партовпартоӣ тақдим гардид