Мутахассисони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон донишашонро доир ба меъёрҳои байналмилалии рушди саноат такмил доданд
ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 65 нафар мутахассисон аз ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ширкатҳои хизматрасони соҳа ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ зимни давраҳои омӯзишӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд доир гардиданд, дониши худро доир ба меъёрҳои байналмилалии рушди устувори саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ такмил доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази байналмилалии тиҷорат.
Ибтикори мазкур муштаракан аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази байналмилалии тиҷорат (ITC) ва шарикони рушд гузаронида шуд.
Дар давраҳои омӯзишӣ зикр гардид, ки мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалии рушди устувор барои ҳар ширкати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ки маҳсулоти худро ба бозорҳои бонуфуз содир кардан мехоҳад, муҳим аст. Барои ноил гаштан ба ин ҳадаф ширкатҳо бояд кафолат диҳанд, ки маҳсулоти онҳо ба якчанд талабот мувофиқ мебошанд. Ин талабот, аз ҷумла, ба бехатарии истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва некӯаҳволии кормандон рабт доранд.
Дар давраҳои омӯзишӣ мутахассисони ширкатҳо имконият пайдо карданд, ки бо навъҳои гувоҳномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва аҳамияти онҳо, қоидаҳои мутобиқат ба талаботи дарёфти гувоҳнома, марҳилаҳои дарёфти гувоҳнома, манфиатҳо ва бартариҳои гувоҳномаҳои байналмилалӣ ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои гуногун, зарурат ва муҳимияти гирифтани гувоҳнома барои ширкатҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон маълумоти мукаммал пайдо намоянд.
АКС: Маркази байналмилалии тиҷорат









«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






