«ОИЛА-ХАЗИНАИ ХУШБАХТӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе барномаи идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май дар саросари ҷаҳон ва дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Оила-хазинаи хушбахтӣ» барномаи идонаи фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ташкил гардид, иттилоъ доданд дар Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Дар маросими ифтитоҳи барномаи идонаи фарҳангӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зикр намуд, ки “маҳз бо саъю талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади солимгардонии фазои маънавии оилаҳо, баланд бардоштани тафаккуру андешаи наҷибу асолати оиласолорӣ, ҳифзи ифтихор ба тозагиву муқаддасоти оилавӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”.
Таъкид гардид, ки ташаккул ва рушди оила дар ҷомеа таърихи дуру дароз дошта, дар тамаддуни инсонӣ он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, василаи муошират ва муносибати иҷтимоӣ ва фазоест, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфта, рушд кардаанд. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.
Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа- бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.
Ҳамзамон дар барномаи идона муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода оилаҳои ҷавону намунавиро бо Рӯзи байналмилалии оила шодбош гуфт. Зикр шуд, ки инсон, оила ва ҷамъият -ин се мафҳум муҳимтарин фалсафаи ҳаётанд. Ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ-ин ҳама натиҷаи тарбия дар оила аст, чунки маҳз дар оила фарзанд аввалин маротиба мафумҳои Ватан, озодӣ, падар, модар, дин, дӯст доштан, асолати мард ва занро дарк менамояд ва дар ин замина дар пойтахт чорабиниҳои мухталиф барпо мегарданд, ки дар баргузории онҳо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт назаррас мебошад.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова гуфт, “оилаҳои намунавӣ ва навхонадорон аз ноҳияҳои пойтахт, ки дар чорабинии идонаи фарҳангӣ иштирок намуданд, барои саҳми арзанда дар таълими насли наврас ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд”.
Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ эълон шудааст, ҳамасола 15 май таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн- ҷалби таваҷҷуҳи давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро
беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ин аст, ки бо дарназардошти таҳкими фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои тақвияти пояҳои давлатдорӣ ва устувории оилаҳо соли 2015 аз ҷониби Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Соли оила эълон гардида буд.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе











НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд






