ҚОНУНИ ҶАНГАЛ: ДАР АФҒОНИСТОН ПӮШИДАНИ ҲИҶОБ ҲАТМӢ ШУД. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш изҳори нигаронӣ намуда, бори дигар аз толибон даъват кард, ки ба худ оянд

Май 10, 2022 13:18

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари олии ҳаракати «Толибон»* Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода рӯзи шанбеи 7 май ҷорӣ шудани тарзи ҳатмии пӯшидани фаранҷиро барои занон дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ эълон дошт. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории Agence France-Presse иттилоъ медиҳад, фармони раиси ҷунбиши толибон дар Афғонистон ба самъи расонаҳо дар Кобул расонида шуд.

«Фармони пӯшидани ҳиҷоб барои занони мусалмон ва болиғ воҷиб ва зарур аст. Тибқи шариат заноне, ки аз рӯи синн пиру ҷавон нестанд, ҳангоми вохӯрӣ бо дигарон (бидуни хешу табор будан) бояд рӯйи худро ба ҷуз аз чашмон бо ҳиҷоб пӯшонанд»,- бармеояд аз баёнияи Вазорати иршод, амри маъруф ва наҳйи мункар.

Зимнан зикр мегардад, ки агар зан ба таври мунтазам қоидаҳои пӯшидани ҳиҷобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вайрон кунад, падар ё шавҳари ӯро метавонанд зиндонӣ намоянд.

Тибқи ин фармон, заноне, ки дар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд ва қоидаҳои пӯшидани ҳиҷобро риоя намекунанд, аз вазифаҳояшон озод карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, марде, ки дар хидмати давлатӣ қарор дорад, агар маълум шавад, ки ҳамсар ё духтараш қоидаҳои пӯшидани ҳиҷобро риоят намекунанд, аз кор озод карда мешавад.

Дабири кулли СММ изҳори нигаронӣ намуд

Фаъолзанони афғон баъди ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон борҳо дар якчанд шаҳрҳои ин кишвар аз мақомоти нав, аз ҷумла ба хотири эҳтироми ҳуқуқҳои онҳо ва таъмини намояндагӣ дар ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ даъват ба амал оварда, ҳамчунин бар зидди пӯшидани ҳиҷоб ва маҳдудияти эълон намудаи толибон эътироз намуда буданд.

Дар ҳамин ҳол Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш рӯзи якшанбеи 8 май аз ҷорӣ шудани пӯшиши ҳиҷоб барои занон дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, бори дигар аз «Толибон»* даъват кард, то муқаррароти қаблан ба уҳда гирифтаашонро риоя намоянд.

«Ман аз изҳороти имрӯзаи «Толибон»* нигаронам, ки занон бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ чеҳраи худро пӯшанд ва танҳо ҳангоми зарурат берун раванд», — навиштааст ӯ дар Twitter.- Ман бори дигар аз «Толибон»* даъват менамоям, ки ба ваъдаи ба занону духтарони афғон додаи худ вафо кунанд ва уҳдадориҳои худро дар асоси қонуни байналмилалии ҳуқуқи башар иҷро намоянд».

____________________

*Ташкилот барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дошта, дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.

АКС: The Associated Press

Май 10, 2022 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд