ОСОРХОНАҲО – ВОСИТАИ МУҲИМИ ТАБОДУЛИ ФАРҲАНГӢ. Дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки ҳамасола 18 май таҷлил мегардад, имрӯз дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» таҳти унвони «Осорхонаҳо – воситаи муҳими табодули фарҳангӣ» ҷамъомад баргузор гардид, хабар дод сардори шуъбаи китобҳои фалсафа, равоншиносӣ, библиография, илм ва фарҳанги Муассисаи нашриявии «Ирфон» Амон Собиров ба АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиш директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Қурбон Ғуломзода иброз намуд, ки «осорхонаҳо дар ҷомеа нақши калон дошта, дар он мавод ва ашё барои шиносонидани кишвар ҷамъ оварда мешаванд. Дар ин махзан ашёи нодир ва беназире муаррифӣ мешаванд, ки диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб месозанд. Осорхона ҳадафи таъкид кардани аҳамияти арзишҳо ҳамчун мерос барои нигоҳ доштани муттасилии фарҳангро дорад. Ин аст, ки таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг сол аз сол рушду тараққӣ намуда, осорхонаҳои мамлакат низ бо ашёи нодир ва беназир пурра мешаванд».
Зикр шуд, ки осорхона муассисаи иҷтимоию фарҳангиест, ки ёдгориҳои санъат, таърих, илм, техника ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсонро ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва нигоҳ медорад. Ғайр аз ин, ин муассиса ба корҳои таълимӣ машғул буда, барои тамошои мардум намоишгоҳҳо омода мекунад. Осорхона аз коллексияҳои хусусии санъат, ашё ва нигораҳои нодир сарчашма мегирад, ки ҳамаи онҳо ҳамеша афзалияти таваҷҷуҳи фарҳангии як давраи мушаххасро инъикос менамоянд.
Дар ҳамоиш оид ба таҳияи китоб, дастур, варақаҳои иттилоотӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, кормандони муассиса аз ҷониби роҳбарияти муассиса вазифадор гардиданд, ки дар нақшаи кории фардӣ оид ба бурду бохти осорхонаҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисон маводи чопӣ таҳия намоянд.
Зимни ҳамоиш оид ба мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон филми мустанад пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»/бойгонӣ








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид






