Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд

Май 16, 2022 17:43

ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок намуданд.

Ин нишаст ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмон бахшида шуд.

Мулоқотро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ифтитоҳ карда, сарони давлатҳои аъзои СААД-ро хайрамақдам гуфт.

Кори ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД Никол Пашинян бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, бо имзои санадҳо ва нишасти матбуотӣ хотима ёфт.

Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД татбиқи тамоми қарордодҳои Созмон дар 20 соли мавҷудияти он, инчунин вазъ дар ҳудуди кишварҳои аъзо ва дурнамои рушди онро баррасӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқот Изҳороти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон “Дар бораи супоридани мукофотҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба иштирокчиёни амалиёти посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон” қабул карда шуд.
Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) 16.05.2022

Май 16, 2022 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳори ҳамдардии Пешвои миллат бинобар марги фоҷиавии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд
Ҳисоботи телефонии Раиси вилояти Хатлон ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд