«РӮЗИ ТОҶИКИСТОН». Дар Академияи дипломатии Озарбойҷон таҳти чунин унвон ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид

Май 17, 2022 13:45

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи дипломатии Озарбойҷон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Боку ва дастгирии роҳбарияти Академия 13 май таҳти унвони «Рӯзи Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Озарбойҷон» ҳамоиши  фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни ҳамоиш гӯшаи миллии Тоҷикистон бо риояи урфу одат ва анъанаю суннатҳои мардумӣ оро дода шуда, дар он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аксу мусаввараҳои минтақаҳои сайёҳии кишвар бо дарҷи таърихи бою фарҳанги пурғановати миллати қадимии тоҷик ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сӯзанӣ ва намуна аз либосҳои гулдӯзӣ, чакан, асбоби мусиқӣ ба маърази тамошои меҳмонон ва донишҷӯён гузошта шуд.

Дар охири чорабинӣ бо иштироки донишҷӯён ва меҳмонон оид ба таърихи навин, фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ  саволу ҷавоб баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар ҳамоиш Ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон Ҳафиз Пашаев, ноиби Ректор Фариз Исмоилзода, инчунин устодону донишҷуёни маҳаллӣ ва хориҷии он ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шудаанд.

Аз 22 сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 марти соли 2008 ба фаъолиятро оғоз кард.

Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори устувору пайгиронаи густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, мавқеи муштаракро оид ба баланд бардоштани самаранокии СММ, САҲА, ИДМ, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба онҳо аъзо мебошанд, тарафдорӣ мекунанд.

Ба рушд ва таҳкими муносибатҳои тарафайн асосан вохӯриҳои сарони ду давлат дар сиғаҳои гуногун мусоидат мекунад.

Дар айни замон заминаи ҳуқуқии Тоҷикистон ва Озарбойҷон зиёда аз 55 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки муҳимтарини онҳо Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад, ки 16 марти соли 2007 имзо шудааст.

Ҳуҷҷатҳои байни ду кишвар қабулшуда, бешубҳа, заминаи ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар тамоми соҳаҳо мебошанд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла истифодаи имконияти транзитию нақлиётии Озарбойҷонро метавон ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои мутақобилаи иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ кард.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 17, 2022 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд
Дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир баргузор шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрӣ бо раис ва аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳида барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд