«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалӣ оғоз мепазирад

Май 11, 2022 09:35

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими расмии Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» оғоз мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Дар фестивали мазкур тамоми дастаҳои рақсии Тоҷикистон ва ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои Ҳиндустон, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок мекунанд.

Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» тибқи нақшаи барномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари миллӣ доир мегардад.

Фестивал аз 11 то 14 май доир шуда, барномаи ҳунарии кишварҳои иштирокчӣ 12 май дар шаҳри Норак ва 13 май дар шаҳри Ҳисор идома меёбад.

Дар ин фестивал дастаҳои ҳунарии рақсӣ аз вилоятҳои Хатлону Суғд низ иштирок мекунанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 11, 2022 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст