Шаби 30 ба 31 май аз бурҷи Геркулес бориши борони метеорӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 30 ба 31 майи соли 2022 ба сайёраи Замин аз бурҷи Геркулес бориши борони метеорӣ дар назар аст, иброз намуд директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова ба АМИТ «Ховар».
«Дар ин шаб имкон аст, ки мо яке аз калонтарин ҳодисаи борони метеориро мушоҳида намоем. Ин борон бо сели метеории Тау Геркулид ба вуҷуд меояд. Радианти сел (нуқтаи кураи осмонӣ, ки аз он метеорҳо пайдо мешаванд) дар наздикии ситораи Тау дар бурҷи Геркулес ҷойгир аст ва аз ин сабаб ин сели метеориро Тау Геркулид меноманд. Кометаи 73P/Швассман-Вахман ҷирми волидайни метеорҳои Тау Геркулид мебошад»,-гуфт Гулчеҳра Қоҳирова.
Ба иттилои мавсуф, ин комета соли 1995 пора-пора шуда, ҳангоми порашавӣ дурахшонии он 400 маротиба равшантар гардид. Астрономҳо ин фаъолиятро 1400 метеор дар як соат ва ҳатто бештар аз он ҳисоб ва ин падидаро ҳамчун борони метеорӣ тавсиф мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, чун дар ҳама гуна пешгӯиҳо кафолати пурра мавҷуд нест, ки ягон зуҳуроти табиӣ ҳатман рух диҳад. Дар гузашта астрономҳо борҳо борони метеорҳоро аз селҳои гуногуни метеорӣ пешгӯӣ карда буданд, лекин онҳо амалӣ нашуданд. Аммо ин фурсати хубест ва меарзад, ки чанд соат ба осмони шаб нигоҳ карда, манзараи аҷибро интизор шавем.
Одамон шояд борҳо ҳодисаҳои метеорро мушоҳида карда бошанд, зеро дар ҳар дақиқа як ё ду метеор (ситораи паррон, шиҳоб) дар осмони шаб пайдо мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки воридшавии ҷирми хурди кайҳонӣ (андозаашон аз микронҳо то якчанд см)-ро ба атмосфераи Замин ҳодисаи метеорӣ меноманд. Ҳангоми гузаштани Замин аз думи боқимондаи комета баъзан борони метеорӣ ба амал меояд, ки дар натиҷа дар як соат ҳазорҳо метеорҳо ва ҳатто дар як сония як метеорро дидан мумкин аст.
АКС: Институти астрофизикаи АМИТ








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






