«Таҳсилоти фосилавӣ: воқеият ва дурнамо». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Май 8, 2022 11:17

ДУШАНБЕ, 08.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Таҳсилоти фосилавӣ: воқеият ва дурнамо» бо иштироки олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Ахмедов иброз дошт, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ гардидани системаи таҳсилоти фосилавиро  дар шароити пешрафти иқтисодиву истеҳсолӣ амри зарурӣ шуморида, ба роҳбарони мактабҳои олӣ дастур дода буданд, ки ҳар чи тезтар ба ин усули таълимӣ гузаранд. Зеро ин намуди таҳсил барои шахсоне, ки ҷои кории худро тарк карда наметавонанд ва бо доштани мушкилиҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ имкони таҳсили шакли рӯзона надоранд, шароит медиҳад, ки соҳиби маълумоти олии касбӣ гарданд.

Усмонҷон Ахмедов афзуд, ки алҳол дар таҳсилоти фосилавӣ 320 нафар донишҷӯ аз рӯи 8 ихтисос таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни таҳсилоти фосилавии донишкада  дар гӯшаву канорҳои гуногуни ҷаҳон, ба монанди  ИМА, Олмон, Русия, Корея Ҷанубӣ ва ғайра фаъолият доранд.

Раванди таълим  ба воситаи портали омӯзишии www.fosilavi.tj ба роҳ монда шудааст. Таъминоти барномавии он дар асоси омӯзиши системаҳои таҳсилоти фосилавии мамлакатҳои пешқадам аз тарафи барномасозони худи донишкада тартиб дода шуда, ба шабакаи глобалии интернет пайваст аст ва бинобар ин,  новобаста аз масофаи ҷойгиршавии байни устоду донишҷӯ раванди таълим амалӣ мегардад.

Дар портали мазкур 320 кабинети инфиродӣ барои донишҷӯён, 103 кабинети инфиродӣ барои устодон ва 4 кабинети инфиродӣ барои кормандони маркази таҳсилоти фосилавӣ омода карда шудааст. Барои ташкили муоширати зинда бо омӯзгор дарсҳо тариқи онлайн –вебинарҳо омода шудаанд, ки аз ҳар фан давоми нимсолаи соли хониш 3-4 маротиба гузаронида мешавад. Айни замон барои камшавии хароҷот, истифодаи доимӣ ва дорои интерфейсҳои оммафаҳм ҳам барои устод ва ҳам донишҷӯ будан аз тарафи барномасозони донишкада таъминоти барномавии вебинар тартиб дода шудааст.

Сардори маркази таҳсилоти фосилавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Назира Бобоҷонова дар мавзӯи «Таҷрибаи ДПДТТ доир ба татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ» маърӯза намуда, зикр кард, ки яке аз хусусияти асосие, ки ба баланд намудани сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ мусоидат мекунад, назорат ва идоракунии фаъолияти устод ва донишҷӯ дар сомона аст. Фаъолияти устод аз тарафи маркази таҳсилоти фосилавии донишкада назорат бурда шуда, барномаи таълимӣ (силлабус), маводи лексионӣ, намунаҳои иҷрошудаи супоришҳои ҷорӣ ва супоришҳои имтиҳонӣ ва санҷишҳои марҳилавӣ, видеонаворҳои кӯтоҳмуддати дарс аз тафтиш мегузаранд.

Дар ҷамъомад инчунин  дар мавзӯъҳои «Омодакунии кадрҳои соҳаи энергетика дар низоми таҳсилоти фосилавӣ», «Шаклҳои ташкили машғулияти таълимӣ дар таҳсилоти фосилавӣ: муаммо ва роҳҳои ҳал» ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуданд.

АКС: Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Май 8, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 24,7 фоиз баробар шуд
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад