ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 май, якшанбе, 121- умин рӯзи соли 2022 аст
1 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вафоти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд.
***
29 сол пеш, 1 майи соли 1993 300 нафар аввалин гурезагон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон доир шуд.
1 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи меҳнат.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории диққи нафас.
РӮЙДОДҲО:
81 сол пеш, 1 майи соли 1940 дар Сталинобод аввалин кӯл — «Кӯли комсомол» ба истифода дода шуд.
***
1 майи соли 2004 Венгрия, Кипр, Латвия, Литва, Малта, Полша, Словакия, Словения, Чехия ва Эстония ба Иттиҳоди Аврупо шомил шуданд, ки дар таърихи ин созмон бузургтарин ҳамроҳшавии давлатҳо ба шумор меравад.
***
Дар ин рӯзи соли 1922 дар Русия аввалин хати байналмилалии ҳавоӣ кушода гардид.
***
8 сол пеш, 1 майи соли 2014 вазъ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус муҳокима карда шуданд.
***
1 майи соли 2018 дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1884 дар Чикаго сохтмони аввалин бинои серошёна, ки иборат аз 10 ошёна буд, оғоз ёфт.
***
Соли 1899 бори нахуст доруи аспирин ба фурӯш бароварда шуд.